Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Маркази машваратӣ-равоншиносӣ таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 03.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Маркази машваратӣ-равоншиносӣ таъсис дода шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори донишкада Маҳмуд Назарзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Марказ бо мақсади беҳтар гардидани ҷараёни таълим таъсис шуда, ба фароҳам овардани муҳити солими иҷтимоӣ-психологӣ мусоидат менамояд. Ба марказ мутахассисони донишкада ва равоншиносони касбӣ ҷалб шуда, дар байни омӯзгорону донишҷӯён ва кормандони донишкада машварати равоншиносӣ доир менамоянд», -афзуд ректори донишкада Маҳмуд Назарзода.
Фаъолияти бонизоми маркази равоншиносӣ имкон медиҳад, ки ҷавонон дар руҳияи худшиносӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва риояи ахлоқи ҳамида тарбия ёбанд.
Зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки имсол дар донишкада аз рӯи бахшҳои рӯзона, фосилавӣ, ғоибона, зинаи магистратура ва доктор аз рӯйи ихтисос Phd 700 донишҷӯ қабул карда шуд. Ин ба 70 фоизи нақша баробар буда, нисбат ба соли 2025 22.7 фоиз зиёд мебошад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






