Дар Душанбе курсҳои омӯзишӣ барои мураббии дарвозабонҳо ба анҷом расид

Февраль 14, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 14.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Курсҳои панҷрӯза барои мураббии дарвозабонҳо, ки аз ҷониби раёсати техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон ташкил гардид, ба анҷом расиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, машғулиятҳо аз 9 то 13 феврал дар шаҳри Душанбе баргузор шуданд.

Дастурдиҳандаҳои он мураббии дарвозабонони тими миллии Тоҷикистон Алишер Тӯйчиев, мутахассисони Федератсияи футболи Тоҷикистон Салоҳиддин Ғафуров ва Субҳон Хоҷамов буданд.

Чунин курсҳо барои такмили маҳорати дарвозабонҳо муҳиманд. Барнома дарсҳои назариявӣ ва амалиро дар бар мегирифт, ки дар онҳо иштирокчиён равишҳои муосири ташкили раванди тамрин, хусусиятҳои омодагии ҷисмонӣ ва равонии дарвозабонҳо ва усулҳои таҳлили вазъиятҳои бозиро омӯхтанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Февраль 14, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд