Дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу байни калонсолон баргузор гардид

Февраль 2, 2026 09:30

ДУШАНБЕ, 02.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 1 феврал дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу байни калонсолон расман баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни маросими ифтитоҳи мусобиқа Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода иброз дошт, ки рушди намудҳои гуногуни варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дастгирии варзишгарон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии соҳа ба шумор меравад.

Таъкид гардид, ки бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  хусусан  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи варзиш тадбирҳои муҳим ва муассир амалӣ мегарданд.

Раиси Федератсияи ҷиу-ҷитсу Манучеҳр Каримзода изҳор намуд, ки мусобиқа бо мақсади рушди варзиши ҷиу-ҷитсу, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон, таҳкими рақобати солим ва дарёфти истеъдодҳои нав баргузор шуда, дар он варзишгарони беҳтарин аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.

Тазаккур дода шуд, ки ҳадаф аз баргузории чунин мусобиқаҳо ҷалби бештари аҳолӣ ба варзиш, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, муайян ва дастгирӣ намудани варзишгарони боистеъдод, интихоб ва омодасозии онҳо барои иштирок дар мусобиқаҳои минбаъдаи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ арзёбӣ гардид.

Баргузории мусобиқа ба тақвияти дӯстӣ ва ҳамкории варзишӣ байни клубҳо ва муассисаҳои варзишии ноҳияҳо, шаҳру вилоятҳо, баланд бардоштани сатҳи маҳорати варзишгарон ва рушди ҷиу-ҷитсу ҳамчун намуди муосири варзиш дар мамлакат равона гардидааст.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 2, 2026 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд