Дар Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе шумораи донишҷӯён меафзояд

Февраль 9, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 09.02.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Давоми фурсати кӯтоҳи таъсиси Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе, яъне аз соли 2022 инҷониб дар фаъолияти донишкада афзоиши устувори шумораи донишҷӯён ба назар мерасад. Агар дар соли аввали таҳсил 25 донишҷӯ таҳсилро оғоз карда бошад, дар соли дуюм ин рақам ба 32 нафар ва дар соли сеюм ба 51 нафар расид. Дар асоси ин рӯйдоди ҷолибу назаррас Донишкада барои қабули шумораи бештари донишҷӯён дар соли таҳсили оянда нақшаҳои кориро тарҳрезӣ менамояд. Ин матлабро ректори донишкада Зайниддин Мухторов зимни нишасти матбуотӣ баён намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар соли таҳсили 2024-2025  13 донишҷӯ бо истифода аз квотаҳои шарикон дар Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Дар соли таҳсили 2025 — 2026 квотаҳои таҳсил ба 15 нафар донишҷӯён дастрас гардиданд.

«Ин нуктаро низ бояд таъкид намуд, ки аз 1 августи соли 2025 донишкада бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тафоҳумномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид. Ҳамкории донишкада бо корхонаҳо ва мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тақвият меёбад. Ҳамзамон ин созишнома ташаббусҳои муштараки омӯзишӣ, лоиҳаҳои таҳқиқотӣ, коромӯзӣ, мубодилаи мутахассисони варзида, татбиқи ҳамбастагии таҳсилоти олии касбӣ бо истеҳсолот ва тақвияти таҷрибаи саноатиро ба таври самаранок татбиқ менамояд», -афзуд Зайниддин Мухторов.

Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки аз соли 2023 Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе барномаҳои бакалавриатро дар самтҳои «Менеҷменти молия ва бизнес», «Менеҷменти бизнес ва маркетинг», «Технологияҳои иттилоотӣ», «Киберамният» ва «Менеҷменти туризми байналмилалӣ ва меҳмоннавозӣ» пешниҳод менамояд.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар донишкада барномаҳои вижаи магистратура, аз ҷумла «MBA» (Master of Business Administration) ба роҳ монда шудаанд. Ин барномаҳо ба самтҳои афзалиятноки рушди миллӣ ва талаботи бозори меҳнат мувофиқ буда, махсусан барои соҳаҳои бизнес, мубодилоту мухобироти рақамӣ, рушди саноат ва туризм аҳамияти назаррас доранд.

АКС: Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе

Февраль 9, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» то 1 апрел идома меёбад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
Байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Эфекта»-и Британияи Кабир Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт