Дар Хатлон дар беш аз 64 ҳазор гектар тухмгузории малахи марокашӣ ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 17.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар маҷмуъ дар 64 ҳазору 515 гектар тухмгузории малахи марокашӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин миқдор 40 ҳазору 935 гектар ба минтақаи Вахш ва 23 ҳазору 580 гектар ба минтақаи Кӯлоб рост меояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза ба зидди малах» дар вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Соли 2026 мутахассисони шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар тамоми майдони ошкоршуда коркарди кимиёвӣ анҷом доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Ситоди вилоятии мубориза бар зидди малах таъсис дода шуда, дар шаҳру ноҳияҳо низ ситодҳои доимӣ фаъолият доранд.
Ҳамчунин барои иҷрои чорабиниҳо бар зидди малах 23 трактори дорупошак, 11 мошини дорупошак, 2 мошини обкаш ва дигар техникаи истифодашаванда, инчунин ба ҳисоби миёна 731 нафар чун қувваи корӣ равона карда шудааст. Омодагиҳо ба мавсими мубориза бар зидди малах ҷиддӣ буда, барои ҳифзи заминҳои кишоварзӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Ба иттилои мутахассисон, дар ҷаҳон беш аз 20 000 намуди малах сабт гардида, дар Тоҷикистон тақрибан 130 намуди он вомехӯрад. Асосан бо тағйирёбии иқлим ва гарму хушк омадани фаслҳои сол ин навъи ҳашарот бештар мешавад.
Устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Фирдавс Қодирзода иброз намуд, ки аз рӯи хусусияти афзоишу инкишоф малахҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: малахҳои галагӣ ва ғайригалагӣ. Ба гурӯҳи малахҳои галагӣ он намудҳое дохил мешаванд, ки дар макони зисташон бо шумораи зиёд ба қайд гирифта мешаванд.
Малах панҷ давраи кирминагӣ дорад. Аз як синн ба синни дигар гузаштан вобаста ба обу ҳаво аз 9 то 14 рӯз давом меёбад. Давраи пурра болдоршавӣ охирҳои моҳи май мушоҳида мегардад. Баъд аз пурра болбарорӣ давраи ҷуфтшавиро гузаронида, ба тухмгузорӣ шуруъ менамояд. Тухмҳоро дар дохили кӯзачаи колбашакли каҷтоб, ки дарозиаш 41-55 миллиметрро ташкил медиҳад, дар хоки сахти ҷойҳои регзори заминҳои қумӣ дар чуқурии аз 4 то 5 сантиметр мегузорад. Агар дар давраи якум ва дуюми он макони ҷойгиршавии онҳо мушаххас карда шуда, корҳои кимиёвӣ гузаронида шаванд, нест намудани онҳо имкон дорад. Зеро дар ин давра онҳо бо ҳам зич ва имкони васеъ паҳн шудан надоранд. Вале агар давраи 3 ё 4-уми он оғоз гардад, дар ин ҳолат нест намудани онҳо хеле мушкил аст. Чунки дар ин давра онҳо хуб инкишоф ёфта, иммунитеташон мустаҳкам мегардад ва 1 малах дар як гектар баробари 3 вазни худ зироат истеъмол менамояд. Модинаи ин ҳашарот аз 5 то 7 см ва наринаи он то 4,5-5 сантиметр дароз мешавад. Малахи модина дар мавсими тухмгузорӣ аз 1 то 3 ғӯза тухм мемонад, ки дар дохили як ғӯзаи он аз 18 то 42 тухми малах мавҷуд аст.
Ба иттилои мутахассисон, малахи марокашӣ аслан дар минтақаҳое, ки барои гузаронидани коркарди кимиёвӣ дастнорас мебошанд, тухм гузошта, давра ба давра аз доманакӯҳҳо мефарояд.
Ба ин гурӯҳи малахҳо даҳ намуд мансуб мебошад, ки дар Тоҷикистон 3 намуди онҳо сабт шудааст — пруси итолиёвӣ (Calliptamus italicus), малахи марокашӣ (Dociosturus maroccanus) ва малахи осиёӣ ё кӯчанда (Locusta migratoria). Намудҳои боқимонда ба гурӯҳи малахҳои ғайригалагӣ мансуб мебошанд.
Ҳангоми истифодаи микромаводи биологӣ бар зидди малах танҳо худи он нобуд гашта, дигар намуди ҳашарот- хазандагон, парандагон ва дигар мавҷудоти зинда осеб намебинанд. Ҳангоми истифодаи чунин усул муҳити экологӣ безарар боқӣ мемонад. Ба тавсияи мутахассисон, малахи марокашӣ на сарҳад дораду на макон, аммо ин ҳашароти зараррасон бо мурури солҳо ба иқлими ҳар минтақа мутобиқ мешавад. Агар солҳои пеш давраи инкишофу паҳншавии малахи марокашӣ 60-65 рӯз давом мекард, солҳои охир давраи хуруҷи ин ҳашароти зараррасон дар минтақаҳои гуногуни вилояти Хатлон то 100-110 рӯз идома меёбад.
Олимони соҳаи кишоварзӣ хуруҷи малахро яке аз офатҳои табиӣ унвон менамоянд. Зеро галаи малах дар як шабонарӯз зиёда аз 30 километр роҳро тай карда, тамоми рустании дар сари роҳаш бударо нобуд мекунад. Дар давраи афзоиш дар як метри мураббаъ адади малах то ба 1000 мерасад, ки онҳо 1 миллион гектарро пахш менамоянд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Моҳи сентябр Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон-2026 баргузор мегардад
Нахустин Форум ва намоишгоҳи байналмилалии саноати хӯрокворӣ — Тоҷикистон-2026 баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон беш аз 110 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» корхонаи истеҳсоли дучарха ва сечархаҳои барқӣ сохта мешавад
Душанбе мизбони ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди иқлими сабз мегардад
Ҷаласаи 21-уми Гурӯҳи кории Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA) оид ба савдо доир шуд
Нақшаи рушди низоми энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муаррифӣ гардид
Хоҷагидорони ноҳияи Вахш аз як замин чанд ҳосил ба даст меоранд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРӢ. 37 нуқтаи назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон фаъолият доранд
Дар Агентии обуҳавошиносӣ риояи Чаҳорчӯбаи васеъшудаи шаффофият дар доираи Созишномаи Парижро баррасӣ карданд
Масъалаи таъсиси корхонаи коркарди пашм ва бунёди боғи пистаи туркӣ дар вилояти Хатлон баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти бехатарии озуқаворӣ ҳамоиш баргузор шуд






