Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид

Февраль 12, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 12.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Ҳунарҳои бадеии халқӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо» конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Конференсияи илмӣ-амалӣ бо мақсади муайян намудани дурнамои ҳифз ва рушди анъанаҳои хоси ҳунарҳои бадеии халқӣ, бақайдгирӣ ва барӯйхатгирии  мероси  фарҳангӣ доир шуд. Иброз гардид, ки бунёди инфрасохтори ҳунарҳои бадеии халқи тоҷик, такомули ҳавасмандгардонии моддӣ ва маънавии ҳунармандон, эҳёи суннатҳои асили ҳунарҳои бадеии халқӣ яке аз самтҳои сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки барои дастгирӣ ва татбиқи сиёсати фарҳангию илмӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамасола унсурҳои мероси фарҳангӣ барои ворид намудан ба Феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО пешниҳод мегарданд. Он имконияти хуби муаррифии фарҳанги ғании миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ  буда, бобати гиромидошт, ҳифз ва ба наслҳои оянда таҳвил додани он имконият фароҳам меорад.

Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон «Феҳристи миллии мероси фарҳангӣ» таҳия гардидааст. То имрӯз ба он зиёда аз 580 унсури фарҳангӣ ворид гардидааст, ки  бахшҳои гуногун — аз фолклор то расму оинҳо ва ҳунарҳои дастиро дар бар мегиранд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 12, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид