Дар ноҳияи Ҷайҳун кишти картошка идома дорад
ДУШАНБЕ, 08.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон дар 346 гектар картошка кишт карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
То имрӯз дар беш аз 110 гектар картошка кишт карда шудааст. Кишоварзон бо истифода аз рӯзҳои мусоиди офтобӣ корҳои саҳроиро вусъат бахшиданд. Чунин тадбирҳо ба зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таъмини бозорҳои маҳаллӣ бо сабзавоти тару тоза мусоидат менамоянд.
Дар хоҷагии деҳқонии «Аҳлиддин»-и ноҳия саҳмдорон имсол дар 4 гектар замини корам картошка кишт намудаанд. Деҳқонони хоҷагӣ тухмии ватании навъи серҳосили «Мастчоҳ»-ро кишт намудаанд, ки ба шароити иқлими минтақа мутобиқ буда, барои гирифтани ҳосили хуб имконият фароҳам меорад.
Таъкид гардид, ки рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ буда, саҳми кишоварзон дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат хеле муҳим мебошад.
Дар вилояти Хатлон соли 2026 бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва пурра гардонидани сабади истеъмолии аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза кишти картошка дар 8 ҳазор гектар ба нақша гирифта шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






