Дар оянда дар маҳали Донишкадаи инноватсионии Душанбе шаҳраки донишҷӯён сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 11.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки дар оянда дар маҳали Донишкадаи инноватсионии Душанбе Кампус- шаҳраки донишҷӯён, иборат аз биноҳои муосири намунавӣ сохта мешавад, ки дорои тамоми инфрасохтори зарурӣ хоҳад буд.
Тавре зимни нишасти матбуотӣ дар Донишкадаи инноватсионии Душанбе ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд, Донишкадаи инноватсионии Душанбе муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, бо мақсади рушди таҳсилоти замонавӣ ва татбиқи усулҳои инноватсионӣ таъсис дода шудааст. Мақсад ва вазифаҳои асосии донишкада аз таъмини шароити мусоид барои омӯзиши донишҷӯён дар асоси технологияҳои пешрафтаи таълим ва омодасозии кадрҳои баландихтисос барои бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ иборат мебошад. Донишкадаи инноватсионии Душанбе дар оянда метавонад ба пешбурди иқтисодиёти кишвар ва рушди илмҳои муосир дар Тоҷикистон мусоидат намояд. Донишкада дар самти таълиму тарбияи насли ҷавон бо малакаҳои эҷодӣ ва инноватсионӣ нақши муҳим мебозад.
Гуфта шуд, ки хусусияти фарқкунандаи донишкадаи навтаъсис дар он ифода меёбад, ки он аввалин мактаби олии дар Тоҷикистон фаъолшуда аст, ки дар он таҳсил пурра ба забони англисӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон ба он омӯзгорони соҳибназару пуртаҷриба аз хориҷи мамлакат ҷалб гардидаанд.
Таъкид гардид, ки дар Донишкадаи инноватсионии Душанбе барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои гуногун бинои нави таълимӣ, ҳайати омӯзгорону профессорон, лабораторияҳои муосиру муҷаҳҳаз, китобхона, ошхона ва дигар шароити муосир муҳайё гардидааст, ки намояндагони воситаҳои ахбори омма бо фаъолияташон шинос шуданд.
Гуфта шуд, ки ҳоло дар Донишкадаи инноватсионии Душанбе 58 нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар оянда роҳбарияти Донишкада тамсим гирифтааст, ки дар соли таҳсили 2026-2027 теъдоди донишҷӯёнро ба 200 нафар расонад.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки соли 2025 дар Донишкадаи инноватсионии Душанбе Дафтари миллии ERASMUS MUNDUS кушода шуд.
Бояд тазаккур дод, ки Донишкадаи инноватсионии Душанбе ҳамчун муассисаи нави таҳсилоти олӣ соли 2024 таъсис ёфта, самти фаъолияташ ба рушди инноватсия ва таҳқиқот дар Тоҷикистон нигаронида шудааст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд






