Дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дафтари минтақавии рушди таҳвилгарон ва содирот таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 16.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар 13 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон дафтари минтақавии рушди таҳвилгарон ва содирот таъсис дода мешавад.
Тибқи иттилои Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2025 байни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази татбиқи лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот»-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома оид ба амалисозии қисми 3 Лоиҳаи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» ба имзо расонида шуд, ки ҳоло татбиқи он идома дорад. «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот», ки давоми солҳои 2025-2027 татбиқ карда мешавад, ба дастгирии содироткунандагони ватанӣ ва баланд бардоштани иқтидори институтсионалии соҳаи содирот равона карда шудааст.
Утоқҳои корӣ барои дафтари минтақавии рушди таҳвилгарон ва содирот дар ноҳияҳои Данғара, Бохтар, Кӯлоб, Ҷайҳун, Шаҳритус, Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Айнӣ, Рашт, Хоруғ ва Ванҷ ҷудо гардидаанд. Дафтарҳои минтақавӣ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Ванҷ пурра таъмир карда шуда, корҳои таъмир ва муҷаҳҳазгардонии дигар дафтарҳои минтақавӣ идома доранд.
Ба соҳаҳои афзалиятноки татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот самтҳои кишоварзӣ ва агробизнес (занҷирҳои таъминоти маҳсулоти озуқаворӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди инфрасохтори тайёркунии пешазсодиротии маҳсулот), сайёҳӣ (сайёҳии байналмилалии деҳотӣ, сайёҳии экологӣ) ва саноати нассоҷӣ (матоъҳо ва либосҳои тайёр) мансуб дониста мешаванд.
Дар доираи чорабиниҳои ин барнома аз 24 ноябр то 2 декабри соли 2025 намояндагони Агентии содирот ба Ҷумҳурии Корея барои таҳлили мустақими стратегияҳо ва таҷрибаи пешқадами Корея дар соҳаҳои пешбурди содирот, дастгирии молиявӣ ва ғайримолиявии соҳибкории хурду миёна, рушди занҷираҳои таҳвил, сертификатсия ва аккредитатсияи байналмилалӣ, бехатарии озуқаворӣ ва ҳамгироии корхонаҳо ва хоҷагиҳои фермерии он ҷониб ба бозорҳои ҷаҳонӣ бо мақсади мутобиқсозӣ ва ҷорӣ намудани амалияҳои беҳтарин дар Тоҷикистон сафари корӣ анҷом доданд.
Натиҷаҳои сафар марҳилаи муҳими густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Корея маҳсуб шуда, ба татбиқи ҳадафҳои стратегии рушди миллӣ, таҳкими шарикии дарозмуддат байни ду давлат, таҳияи «Барномаи рушди таҳвил ва содирот» ва амалисозии чорабиниҳои «Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» мусоидат мекунад.
Инчунин аз ҷониби Агентии содирот лоиҳаи Консепсияи марказҳои агрологистикии содиротӣ таҳия гардид. Лоиҳаи консепсия дар чаҳорчӯбаи ҳамкорӣ бо Намояндагии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе (ОБСЕ) таҳия шудааст.
Дар доираи лоиҳа татбиқи таҷрибаи пешқадами ҷаҳон, низоми мукаммали агрологистикаи миллӣ, масъалаҳои омоданамоии пешазсодиротии маҳсулоти кишоварзӣ дар марказҳои агрологистикӣ, таъмини гуногуншаклии намудҳои содиротии маҳсулоти кишоварзӣ, паҳлуҳои ҳуқуқии ҷалби хоҷагиҳои деҳқонӣ барои таъсис ва идоракунии занҷираҳои таҳвил дар доираи механизми шарикии давлату бахши ҳуқуқӣ ва ғайра пешбинӣ карда мешавад.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






