Дар Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардид

Февраль 15, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 15.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар Тоҷикистон 13 ҳазору 420 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардида, 10 ҳазору 66 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд. Дар ин хусус раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода 10 феврал дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ориф Хоҷазода иброз дошт, ки нозирони дастгоҳи марказии Кумитаи давлатӣ 107 ҳолат, кумитаҳои идораи замини вилояти Хатлон 5670 ҳолат, Суғд- 4807 ҳолат, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- 451 ҳолат ва кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2385 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро ошкор намудаанд.

Барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоршудаи қонунвайронкунӣ 12218 дастур дода шуда, нисбат ба 11 677 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд. Ҳамчунин барои додани баҳои ҳуқуқӣ 1035 мавод ба прокуратура ва 927 мавод ба иҷрочиёни Хадамоти иҷро ирсол гардид.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 15, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд