Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад

Февраль 14, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 14.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 239 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад. Дар ин хусус директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод 13 феврал зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Абдураҳмон Ҳалимзод иброз намуд, ки калонтарин нафақагирон ду сокини мамлакатанд, ки 113 сол дошта, дар  шаҳри Бохтар ва ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекунанд. Нафақаи онҳо 536 сомониро ташкил медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки  нафақагирони аз садсола боло дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 2 нафар, вилояти Суғд- 37 нафар, вилояти Хатлон- 103 нафар, шаҳри Душанбе- 13 нафар ва  дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 84 нафарро ташкил медиҳанд. Ба ин нафарон ҳар сол кумакпулиҳо расонида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 16 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»  чунин иброз намуданд: «Аҳолии мамлакат аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 расид, яъне 26 фоиз зиёд гардид ва нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид».

Дарозумрии аҳолӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо даҳсолаҳои қаблӣ боло рафтааст.  Ба таҳлили коршиносон, омили дарозумрии инсонҳо беҳбуди шароити зиндагӣ, таъмини иҷтимоӣ ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, бахусус ба пиронсолон мебошад. Инчунин Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои судманд меандешад. Дар айни замон дар мамлакат «Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 14, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Хатлон 6260 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Модар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид
Занон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми назаррас доранд
«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд
РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд
МОДАР — АВВАЛИН УСТОД. Дар аллаи ӯ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзую ормон нуҳуфтааст
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо иштироки зиёда аз 700 нафар фаъолзанон барномаи бошукуҳи идона доир гардид
МАНЗАЛАТИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН БАЛАНД АСТ. Андешаҳо оид ба нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва нақши оила дар таҳкими арзишҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ — фарҳангӣ доир гардид
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид