ДАРАХТ БИНШОН! Соли 2026 дар ноҳияи Рӯдакӣ 22 ҳазор бех ниҳоли ороишию сояафкан шинонида мешавад
РӮДАКӢ, 12.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия ва сокинони деҳаи Шайнаки Чинори Ҷамоати деҳоти Чортеппа дар доираи маъракаи сабзу хуррамгардонӣ ва ҳамчун рамзи оғоз бахшидан ба маъракаи ниҳолшинонӣ дар шафати роҳи мошингард 400 бех ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз шинонида шуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Мувофиқи тавсияи мутахассисон, беҳтарин давра барои шинонидани дарахтони ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳанда моҳи феврал буда, барои сабзиши ояндаи ниҳол мутобиқ мебошад.
Сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Рӯдакӣ Хуршед Ашуриён иброз намуд, ки «дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» мувофиқи нақша, соли 2025 бояд 18 ҳазор бех ниҳол шинонида мешуд. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, сокинону соҳибкорон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо дар ҳудуди ноҳия 22 ҳазору 600 бех ниҳол шинонида шуд, ки сабзиши он 85 фоизро ташкил медиҳад. Соли 2026 дар ноҳияи Рӯдакӣ қариб 22 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан ва мевадиҳанда шинонида мешавад. Дар ин замина мо кӯшиш менамоем, ки имсол 30 ҳазор бех ниҳол шинонем».
Барои нахушкидани ниҳолҳои шинонида дар шафати шоҳроҳҳои байналмилалӣ обёрии қатрагӣ ба роҳ монда шудааст, ки аз ин ҳисоб хушкидани дарахтон кам ба назар мерасад. Ҳамчунин дар ҳар минтақае, ки ниҳол шинонида мешавад, нафарони масъул барои обёрикунӣ вобаста карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон гардидани соли 2026, инчунин ба хотири сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраку деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ корҳои ободонию созандагӣ ва ҳашарҳои ниҳолшинонӣ мунтазам гузаронида мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ








«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд
Ҳифзи растаниҳои нодир вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад
Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 22 ҳазор бех ниҳол ва 300 ҳазор дона гулҳои гуногун шинонида мешаванд
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар Ҳисор беш аз 20 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида мешавад
Дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид
Дар минтақаи Ховарон дар беш аз 7 гектар боғи мевадиҳанда бунёд мегардад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ 700 бех ниҳоли гуногун шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Кормандони Хадамоти гумрук дар ноҳияи Варзоб беш аз 17 ҳазор бех ниҳол шинониданд






