ДАРАХТ БИНШОН! Соли 2026 дар ноҳияи Рӯдакӣ 22 ҳазор бех ниҳоли ороишию сояафкан шинонида мешавад

Февраль 12, 2026 11:40

РӮДАКӢ, 12.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, кормандони  шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия ва  сокинони деҳаи Шайнаки Чинори Ҷамоати деҳоти Чортеппа дар доираи маъракаи сабзу хуррамгардонӣ ва ҳамчун рамзи оғоз бахшидан ба маъракаи ниҳолшинонӣ дар шафати роҳи мошингард  400 бех ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз шинонида шуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.

Мувофиқи тавсияи мутахассисон, беҳтарин давра барои шинонидани дарахтони ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳанда моҳи феврал буда, барои сабзиши ояндаи ниҳол мутобиқ мебошад.

Сардори  шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар  ноҳияи Рӯдакӣ Хуршед Ашуриён иброз намуд, ки «дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» мувофиқи нақша,  соли 2025 бояд 18 ҳазор бех ниҳол шинонида мешуд. Бо дастгирии  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, сокинону соҳибкорон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо дар ҳудуди ноҳия 22 ҳазору 600 бех ниҳол шинонида шуд, ки сабзиши он 85 фоизро ташкил медиҳад. Соли 2026 дар ноҳияи Рӯдакӣ  қариб 22 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан ва мевадиҳанда шинонида мешавад. Дар ин замина мо кӯшиш менамоем, ки имсол 30 ҳазор бех ниҳол шинонем».

Барои нахушкидани ниҳолҳои шинонида дар шафати шоҳроҳҳои байналмилалӣ обёрии қатрагӣ ба роҳ монда шудааст, ки аз ин ҳисоб хушкидани дарахтон кам ба назар мерасад. Ҳамчунин дар ҳар минтақае, ки ниҳол шинонида мешавад, нафарони масъул барои обёрикунӣ вобаста карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон гардидани соли 2026, инчунин ба хотири сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраку деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ корҳои ободонию созандагӣ  ва ҳашарҳои ниҳолшинонӣ мунтазам гузаронида мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Февраль 12, 2026 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хуҷанд васеъсозии роҳи хиёбони ба номи Раҳмон Набиев оғоз гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Роғун 94 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳолии узбекзабони шаҳри Турсунзода бо муассисаҳои таълимии узбекӣ ва китобҳои дарсӣ таъмин карда шаванд»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ашт осоишгоҳи замонавӣ бунёд карда мешавад
Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд