Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 11.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Мусобиқа аз 19 то 23 феврал дар шаҳри Минск доир гашта, дар он ҳашт даста иштирок менамояд. Дастаи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Беларус (19 феврал), Минск (20 феврал) ва Қазоқистон (21 феврал) неру месанҷад.
Дар гурӯҳи «В» тимҳои наврасони Беларус (U-16), Русия, Узбекистон ва Озарбойҷон рақобат мекунанд.
Мувофиқи низомнома, дастаҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ дар як давра бозӣ хоҳанд кард. Ғолибони гурӯҳҳо ба финал роҳ ёфта, тимҳои ҷойи дуюм барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Инчунин барои ҷойҳои 5-6 ва 7-8-ум ҳам вохӯриҳо баргузор карда мешаванд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад






