Донишгоҳи давлатии Кӯлоб омузгоронро барои ҳимояи рисолаи докторӣ бо 40 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 02.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ омузгоронеро, ки аз 1 сентябри соли 2026 рисолаҳои докторӣ ҳимоя менамоянд, ба маблағи аз 30 000 сомонӣ то 40 000 сомонӣ ҳавасманд менамояд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Мунир Сафарзода иттилоъ дод.
Ҳамчунин иброз гардид, ки дар ҳошияи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидани солҳои 2020-2040 аз 1 сенябри соли 2026 дар доираи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҳаҷми маблағи ҳавасмандӣ барои дифои рисолаҳои номзадӣ 10 000 сомонӣ ва барои дифои рисолаи докторӣ 40 000 сомонӣ муқаррар карда мешавад.
Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо 90 муассисаи таҳсилоти олии хориҷӣ ҳамкорӣ дошта, бо 4 муассисаи хориҷӣ шартномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расонид.
Дар самти рушди таълими забони англисӣ ва таҳқиқоти забоншиносӣ ду лоиҳаи нави грантӣ пешниҳод карда шудааст.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?






