EKHIZMAT.TJ. Ин портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ба шаҳрвандон 83 номгӯй хизматрасонии давлатӣ пешниҳод менамояд

Февраль 6, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 06.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин рушди низоми ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ekhizmat.tj ҷорӣ карда гардид. Дар ин хусус 6 феврал директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Хуршед Мирзо афзуд, ки 83 номгӯй хизматрасонии давлатӣ, аз ҷумла Ваколатнома оид ба идоракунии воситаи нақлиёт бе ҳуқуқи ихтиёрдорӣ, ваколатнома оид ба идоракунии воситаи нақлиёт бо ҳуқуқи ихтиёрдорӣ, маълумотнома дар бораи доштан ё надоштани доғи судӣ, иҷозат (талон) барои истифодаи воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира, баҳисобгирии тӯйҳои домодиву арӯсӣ, бақайдгирии соҳибкори инфиродӣ, гирифтани имзои электронӣ, иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ, бақайдгирии давлатии таваллуд, додани хулоса барои гирифтани тамғаҳои аксизӣ ва пардохти андоз барои воситаи нақлиёт ба портали мазкур ворид гардида, ба шаҳрвандон дар шакли рақамӣ бе ҳозиршавӣ ба мақомот дастрас мебошанд.

Гуфта шуд, ки хизматрасониҳои давлатӣ марҳила ба марҳила ба шакли рақамӣ табдил дода шуда, бо пайгирии феҳристи ягона тавассути портал пешниҳод мегарданд. Ин раванд дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) бо фарогирии пурра таъмин карда мешавад.

Инчунин бо мақсади дастрасӣ ва оммавигардонӣ дар шаҳри Душанбе Маркази хизматрасониҳои давлатӣ ба фаъолият оғоз намуд. Аз оғози фаъолият — моҳи декабри соли 2025 ва январи соли 2026 ба марказ 10 ҳазору 153 шаҳрванд муроҷиат карда, марҳилаи айнияткунониро гузаштаанд. Ҳамчунин 1 ҳазору 100 нафар хизматрасонии заруриро ба таври электронӣ дастрас намуданд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 6, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад