«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 28.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии рӯзномаи «Ҷаҳони ҳунар» дар ҳамкорӣ бо Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – абармарди таърихсоз» Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин»-ро баргузор менамояд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин рӯзнома хабар медиҳад, озмун ба арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, омӯзиши мактаби давлатдорӣ ва нақши Пешвои миллат дар рушди илму маориф ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ равона гардидааст.
Ҳадафи озмун тарғиби дастовардҳои соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ, арзёбии саҳми Сарвари давлат дар ислоҳот ва рушди инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ, дарёфт ва дастгирии истеъдодҳо байни омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёну хонандагон ва тақвияти малакаи таҳлилӣ ва эҷодии иштирокчиён мебошад.
Озмун барои омӯзгорон, кормандон, устоҳои таълими истеҳсолӣ, донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ташкил карда мешавад.
Барои ғолибони ҷойи якум 5000 сомонӣ, ҷойи дуюм 3000 сомонӣ ва ҷойи сеюм 2000 сомонӣ муқаррар карда шудааст. Озмун дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардида, ғолибон қадрдонӣ мегарданд.
Хоҳишмандон барои иштирок дар озмун метавонанд то 10 август маводро тавассути почтаи электронии jahonihunar2024@gmail.com ирсол намоянд.
АКС: Муассисаи давлатии рӯзномаи «Ҷаҳони ҳунар»








Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд






