НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ 446 медал ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 02.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов дар 135 мусобиқаи варзишии гуногун, донишкадавӣ, шаҳрӣ, минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, 446 медал ба даст оварданд. Чунин иттилоъ дод ректори донишкада Амир Иброҳимзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
Ба иттилои манбаъ, ин шумораро 203 медали тилло, 124 медали нуқра ва 119 медали биринҷӣ ташкил медиҳанд.
Ректори донишкада иброз дошт, ки аз донишҷӯён аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ 135 медал ва аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 65 медал ба даст овардаанд, ки тавассути он мавқеи муассиса дар арсаи варзиши миллӣ ва байналмилалӣ тақвият меёбад.
«Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шумораи зиёди медалҳо маҳз ба мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ рост меояд. Ин аз сатҳи баланди омодагии варзишгарон ва кори самараноки ҳайати мураббиён дарак медиҳад»,- афзуд Амир Иброҳимзода.
Дар нишасти матбуотӣ ҳамзамон иброз гардид, ки соли 2025 аз ҷониби бахши тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши донишкада 140 чорабинии оммавӣ-варзишӣ ва солимгардонии сатҳи ҷумҳуриявию донишкадавӣ ба нақша гирифта шуда буд. Ҳамаи онҳо 100 фоиз иҷро гардиданд, ки ин аз фаъолияти мунтазам, сатҳи баланди ташкили кор ва таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба таҳкими саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим шаҳодат медиҳад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд






