ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?

Февраль 14, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 14.02.2026. /АМИТ «Ховар»/. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, бо вуҷуди лазиз, серғизо ва бениҳоят муфид будани лӯбиё баъзе кадбонуҳо ҳангоми тайёр намудани ғизо аз он камтар истифода мебаранд. Ҳол он ки дар таркиби лӯбиё нахҳо, витаминҳои А ва В, оҳан, калсий, карбогидратҳо ва тақрибан чоряки сафедаҳо (дар баъзе намудҳои он аз ин ҳам бештар) ҳастанд. Дар бозор нархи лубиё вобаста ба навъ ва сифаташ аз 18 то 20 сомониро ташкил медиҳад. Сабаби аз ин зироати шифобахш кам истифода бурдани кадбонуҳо дар чист? АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.

Солҳои охир соҳибхоназанҳои мо ҳангоми омода намудани ғизо барои хонаводаашон аз маҳсулоти тезтайёр, хусусан маҳсулоти гӯштии коркардшудаи нитайёр, аз ҷумла тӯшбера, ҳар гуна ҳасибу ҳасибчаҳо ва ғайраҳо, ки ба организм на чандон фоида доранд, бештар истифода мебаранд.

Яке аз сабабҳои аз лӯбиё кам истифода бурдани кадбонуҳо ҳангоми омода кардани таом вақти зиёдро талаб намудани он мебошад. Зеро пеш аз омода намудани таом, лӯбиёро дар об ба муддати 8 ё 12 соат бояд нигоҳ дошт. Сипас онро ду — се маротиба бо оби тоза шуста, ба таом ҳамроҳ карда, дар оташи паст пухтан зарур аст. Ҳамчунин аз лӯбиё чанд намуд хӯриш (салат) метавон омода кард, ки ба саломатӣ фоида дорад. Дар хӯришҳо лӯбиёро бештар бо сабзавот омехта карда, истеъмол кардан муфидтар аст. Ҳар кадбону бояд донад, ки лӯбиёи таркардаро метавон ба муддати дароз дар яхдонҳо нигоҳ дошт ва истифода намуд. Зеро лӯбиёи намдор қобилияти аз як рӯз зиёд дар ҳарорати баланд истоданро надорад.

Тибқи иттилои мутахассисони соҳаи тиб, таркиби кимиёвии сафедаи лӯбиё ба таркиби сафедаи гӯшт наздик аст. Дар таркиби меваи лӯбиё то 50% карбогидроидҳо, моддаҳои азотӣ, 0,1 0,24 аминокислотаҳои триптофан, 2,4% лизин, аргинин, тирозин, метионин флаваноидҳо, кислотаҳои органикӣ, (ҷавҳари лиму,оксикарбонати дуасоса) витаминҳои В1, В6, РР, С, намакҳои калий, то 535мг% , фосфор то 530мг %, каротин то 0,02мг%, оҳан то 6мг%, синк 4, мг %, мис 0,3-0,7мг%,0,50мг% витамини В3, 0,18%, тиамин ва соири он мавҷуд аст. 100 грам лӯбиё дорои 309 ккал энергия аст.

Дар тибби мардумӣ лӯбиё ва кунҷораи он барои муолиҷаи касалии қанд дар шакли ҷӯшоб ва дамхӯрда истифода мегардад. Дамхӯрдаи меваҳояшро барои муолиҷаи бемории гурда, масона, ниқрис, тарбод, фишори баланди хун ва чун пешоброн муфид аст.

Обҷӯши ғилофакашро барои табобати бемории гурда, масона, фишори баланди хун, илтиҳоби тарбодии буғумҳо (ревматоидный артрит), диабети қанд, сустшавии кори дил, ки бо варамҳо ҷараён мегирад, истифода мебаранд.

Дар тибби муосир лӯбиёро чун маводи ғизоие, ки таркибаш бо сафеда бой аст ба беморони лоғар гашта ва гирифтори касалиии қанд тавсия медиҳанд. Аз тадқиқотҳои илмӣ бармеояд, ки қиёми моеъ ва хушки он барои табобати бемории қанд фоидаовар аст.

Олимони соҳаи кишоварзӣ тавсия медиҳанд, ки лӯбиёро дар зарфҳои шишагини ҳавоногузар захира намуда, дар ҷои сарду торик ва комилан хушк бояд нигоҳ дошт. Инчунин ба зарфи лӯбиёдошта барги халиҷ (лавровий лист) ҳамроҳ намудан зарур аст, зеро барои нест кардани патогенҳои замбӯруғӣ кумак мекунад,. Дар таркиби барги халиҷ моддае ҳаст, ки зиёд шудани занбӯруғҳои патогениро пешгирӣ ва ба нобудшавии микробҳои патогенӣ мусоидат мекунад. Сирри нигаҳдории дарозмуддати лӯбиё дар коркарди дуруст ва муҳайё намудани шароити махсуси он аст.

Ба назари мутахассисон, лӯбиёро то 10 сол нигоҳ доштан мумкин аст. Муҳаққиқони Донишгоҳи Бригама Янга муайян намудаанд, ки пас аз 30 сол намуди зоҳирии лӯбиёгиҳои хушкшуда тағйир меёбад, аммо ҳама намунаҳо дар ҳолати фавқулода қобили истифода мебошанд. Ин маънои онро дорад, ки лӯбиё дар асл метавонад ҳадди ақалл то 30 сол нигоҳдорӣ шавад.

Аммо ба ғайр аз манфиат, агар лӯбиёро бисёр ва бардавом бихӯранд, таъсири ногувор низ дорад. Ин гуна зарари онро агар бо занҷабил, хардал (горчитса), зира, намак, равғани зайтун, қоқутӣ, мурч ва беҳӣ бихӯранд, ислоҳ мекунад. Инчунин бо гӯшт пухта бихӯранд, зиёнаш дафъ мегардад.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 14, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад