Кишти барвақтӣ ва омодасозии заминҳо барои кишти баҳорӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 10.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Шудгори замин, кишти барвақтӣ ва омодасозии заминҳо барои кишти баҳорӣ ва дигар масъалаҳои соҳаи кишоварзӣ 9 феврал зимни баргузории ҷаласаи корӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, истифодаи самараноки замин ва риояи қоидаҳои агротехникӣ аз омилҳои асосии таъмини амнияти озуқаворӣ ба шумор меравад.
Масъалаи омодагии иншооти обрасонӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид шуд, ки таъмини саривақтии оби полезӣ барои пешбурди корҳои кишоварзӣ аҳамияти калидӣ дорад. Ба сохторҳои марбута супориш дода шуд, ки таъмиру барқарорсозии пойгоҳҳои обкашӣ ва шабакаҳои обёриро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаи рушди соҳаи саноат мавриди таҳлил қарор гирифт. Инчунин ба ҷараёни даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардид. Масъулон вазифадор карда шуданд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамоҳангсозиро дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо тақвият бахшида, иҷрои нақшаи даъватро дар муҳлатҳои муқарраргардида таъмин намоянд.
Ҳамчунин масъалаи тақвияти корҳои идеологӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон аз самтҳои муҳими фаъолият арзёбӣ гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор гирифта, натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои гуногун таҳлил ва барои беҳтар намудани нишондиҳандаҳо вазифаҳои мушаххас муайян карда шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд






