«КИТОБ — БЕҲТАРИН АРМУҒОН». Ба китобхонаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон беш аз 200 китоб тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 19.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон иқдоми «Китоб-беҳтарин армуғон» идома дошта, аз ҷониби роҳбарон ва намояндагони мақомоту идораҳои ҳамкори донишгоҳ ба китобхонаи илмии он беш аз 200 китоб тақдим карда шуд.
Тавре аз ин донишгоҳ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иқдом дар доираи баргузории ҳафтаи кафедраҳо ташкил гардида, то охири ҳафта идома меёбад.
Иброз гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмию омӯзишӣ барои таҳкими заминаи назариявию амалӣ, рушди тафаккури илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорону донишҷӯён аҳаммияти хосса дорад.
Дар шароити рушди босуръати технологияҳои муосир истифодаи васеи имконияти технологияҳои рақамӣ ва усулҳои инноватсионии таълим амри зарурӣ ба шумор меравад. Аз омӯзгорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар раванди машғулият усулҳои фаъоли таълимро амалӣ намоянд. Ҳамчунин донишҷӯёнро ба омӯзиши амиқи фанҳо, азхудкунии технологияҳои муосир ва рушди малакаҳои таҳлилӣ ҷалб намоянд.
Бояд гуфт, ки баргузор намудани ҳафтаи кафедраҳо дар донишгоҳ иқдоми муҳим дар самти татбиқи сиёсати давлатии соҳаи маориф, рушди фаъолияти илмӣ ва таҳкими сифати таҳсил ба ҳисоб меравад.
Ёдовар мешавем, ки 17 феврал дар доираи ҳафтаи кафедраи ҳуқуқи маданӣ ва меҳнатии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохӯрии судяҳои суди шаҳри Хуҷанд бо устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Ҳамоиш таҳти унвони «Пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа» доир шуд. Дар он намояндагони факултет ва судяҳо оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, инчунин пешгирии ифротгароӣ, авбошӣ ва ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ибрози андеша намуданд.
Дар вохӯрӣ донишҷӯён оид ба амалияи судӣ саволҳо пешниҳод карда, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон 6 факултет ва 30 кафедра фаъолият менамояд.
АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо рафти таҳсилоти олӣ дар вилояти Панҷоби Ҳиндустон шинос гардид
Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид






