Масъалаи афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия баррасӣ гардид

Февраль 17, 2026 11:20

ДУШАНБЕ, 17.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия, аз ҷумла ангур, пиёзи барвақтӣ, карам ва дигар навъҳои маҳсулот 16 феврал зимни ҷаласаи маҷозии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Русия Максим Решетников баррасӣ гардид.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни ҷаласа ҷонибҳо ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарони ду давлатро, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида буд, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид шуд, ки амалисозии иқдоми дар ин самт андешида ба таъмини устувории таъминот, баланд бардоштани сифати маҳсулот ва васеъ намудани номгӯйи маҳсулоти содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Ҷонибҳо барои идомаи муколамаи созанда ва ҳамкории мутақобили судманд дар самти рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 17, 2026 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад