Моҳи апрел Намоишгоҳи байналмилалии молҳо ва хизматрасониҳо барои саломатӣ ва зебоӣ баргузор мешавад

Февраль 10, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 10.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 то 25 апрел дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии молҳо ва хизматрасониҳо барои саломатӣ ва зебоӣ баргузор мешавад. Дар ин хусус Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳодшо Раҳмонализода 5 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Иброз шуд, ки намоишгоҳ дар доираи ҳадафи чоруми стратегии миллӣ – саноаткунонии босуръати мамлакат бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузаронида мешавад. Мақсади он муаррифӣ намудани молу маҳсулоти ширкатҳои ватанӣ ва баланд бардоштани сатҳи сифатнокии он мебошад.

Дар назар аст, ки дар намоишгоҳ маҳсулоти косметикӣ, таҷҳизоти косметологӣ, маҳсулоти нигоҳубин ва гигиенӣ, витаминҳо, ғизои варзишӣ, истеҳсоли таҷҳизоти тиббӣ, маҳсулоти дорусозӣ, таҷҳизоти лабораторӣ, таҷҳизоти дорусозӣ, лабораторӣ, тиббӣ, ташхисӣ,  технологияҳо ва таҷҳизоти коркарди гиёҳҳо, асбоби тиббӣ, доруҳои тайёр, маҳсулоти ортопедӣ ва протезҳо аз ҷониби ширкатҳои ватанию хориҷӣ ба намоиш ва фурӯш гузошта шаванд.

Муаррифии молу маҳсулот дар чунин намоишгоҳҳо ба боз ҳам беҳтар гардидани робита байни истеҳсолкунанда ва истеъмолкунанда мусоидат намуда, барои таъмини аҳолии мамлакат бо дору, молҳои тиббии дорои сифати ҷаҳонӣ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ дастрас заминаи мусоид мегузорад.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 10, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад