НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ таъсис дода шудаанд

Февраль 3, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 03.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар назди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши созҳои мусиқӣ ва сарояндагӣ ташкил карда шуданд. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов  Баҳодур Давлатзода иброз намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи барномаи таълимӣ даври  кӯтоҳмуддати омӯзиши созҳои мусиқӣ ва сарояндагӣ ба маҳлати се, шаш ва даҳ моҳи таҳсил тасдиқ карда шуд. Аз 1 ноябри соли 2025       20 нафар хоҳишмандони санъати мусиқии касбӣ дар гурӯҳи якум ба таълим фаро гирифта шуданд. Инчунин зиёда аз 10 довталаби дигар бо пешниҳоди ҳуҷҷат аз моҳи январи соли 2026 дар гурӯҳи дуюм ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Дар соли таҳсили 2025 аз ҷониби комиссия мониторинги сифати таҳсилот дар ихтисосҳои амалкунандаи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов гузаронида шуд, ки дар маҷмуъ натиҷаи сифати таҳсил 69 фоизро ташкил дод.

Баҳодур Давлатзода иброз дошт, ки сифати таҳсилот аз ҷониби Комиссияи мониторингӣ зимни баррасии диктантҳои санҷишӣ аз фанҳои таълимии забонҳо, саволҳои тестӣ аз фанҳои ҷомеашиносӣ, саволҳои назариявӣ аз фанҳои таърих ва назарияи мусиқӣ муайян карда шуд. Натиҷаҳои мониторинги фанҳои таълимӣ дар Шурои илмӣ-методии мауссиса натиҷагирӣ гардид.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 3, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид