НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар назди филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе Шурои диссертатсионии байнидавлатӣ таъсис дода шуд

Февраль 9, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 09.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 бо фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Шурои диссертатсионии байнидавлатӣ таъсис дода шуд. Дар ин хусус имрӯз директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Баҳрулло Файзализода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Баҳрулло Файзализода иброз намуд, ки Шурои диссертатсионии байнидавлатӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисосҳои геология ва ҷустуҷӯи конҳои канданиҳои фоиданок, геологияи умумӣ ва минтақавӣ, геоэкология ва идоракунии истифодаи табиат ва барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои геологияю минералогия аз рӯйи ихтисоси илмҳои заминшиносӣ, геологияи умумӣ ва минтақавӣ ва номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси  геоэкология дар соҳаи илмҳои техникӣ таъсис дода шуд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки муҳлати фаъолияти шуро 2 сол муқаррар карда шудааст. Ба ҳайати шуро 11 нафар олимони шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дохил гардидаанд. Дар ҳолати  муваффақона фаъолият намудан кори шуро ба панҷ сол  гузаронида мешавад.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе 10 озмоишгоҳ дар самти физика, химия, методҳои физикӣ-химиявии таҳлил, химияи коллоидӣ, коркарди термикии металл, химия, физика ва электрохимия, физикаи умумӣ, геология, хокшиносӣ, геологияи муҳандисӣ ва гидрогеология фаъолият менамоянд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 9, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд