НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 546 синфхонаи иловагӣ ва 11 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
ТУРСУНЗОДА, 10.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва бо мақсади муҳайё намудани шароити таҳсил дар шаҳри Турсунзода бунёди 546 синфхонаи иловагӣ дар заминаи 51 муассисаи таълимӣ барои 14 150 хонанда ва 11 муассисаи томактабӣ ба нақша гирифта шуд. То имрӯз 425 синфхонаи иловагӣ дар заминаи 36 муассисаи таълимӣ барои 12 130 хонанда ва 7 муассисаи томактабӣ барои 1012 нафар ба истифода дода шуд. Дар айни замон сохтмони 121 синфхонаи иловагӣ дар заминаи 13 мактаб барои 2020 хонанда ва 3 муассисаи томактабӣ барои 380 кӯдак идома дошта, дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешаванд. Ин матлабро Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода 9 феврал зимни нишасти матбуотӣ баён намуд.
Иброз гардид, ки соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Турсунзода ба ду миллиарду 63 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 234,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар корхонаҳои саноатии шаҳри Турсунзода 104 намуди маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2024 8 намуд маҳсулоти саноатӣ зиёд мебошад. Ба ҳолати якуми январи соли 2026 дар шаҳри Турсунзода 100 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 8 корхонаи саноатӣ зиёд аст.
Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар доираи иҷрои нақшаи бунёдкории ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, фаъолон ва аҳолӣ дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бунёду барқарорсозии 459 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 423 иншоот бо маблағи 661,1 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуда, дар иншооти боқимонда сохтмон идома дорад.
Ҳамчунин соли 2025 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва фаъолон, сокинону соҳибкорон дар ҳудуди шаҳр 74,6 км роҳҳо мумфарш ва 30,4 км роҳҳо бетонпӯш карда шуданд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд






