НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон 82 лоиҳаи сармоягузории давлатии амалкунанда ба маблағи 43,2 миллиард сомонӣ татбиқ мешавад

Февраль 11, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 11.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 1-уми январи соли 2026 маҷмуи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар Тоҷикистон 82 адад буда, маблағи умумии онҳо 43,2 миллиард сомонӣ (4 680,7 миллион доллари амрикоӣ)-ро ташкил медиҳад.

Тавре Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, аз 82 лоиҳаи сармоягузории давлатии амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 55 лоиҳа грантӣ, 5 лоиҳа қарзӣ ва 22 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарз ва грант мебошанд.

Гуфта шуд, ки дар таркиби маҷмуи лоиҳаҳои амалкунанда маблағҳои грантӣ 28,8 миллиард сомонӣ (3 120,6 миллион доллар) ё 66,7 фоиз, маблағҳои қарзӣ 12,9 миллиард сомонӣ (1 403,05 миллион доллар) ё 30,0 фоиз, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,4 миллиард сомонӣ (151,2 миллион доллар) ё 3,2 фоиз ва дигар сарчашмаҳо, аз ҷумла саҳми корхонаҳои давлатии ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо (бенефитсиарҳо) ва ғайра 53,7 миллион сомонӣ (5,8 миллион доллар) ё 0,1 фоизро ташкил медиҳад.

Султон Раҳимзода афзуд, ки дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда азхудкунии маблағҳо барои хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ аз санаи оғози татбиқ 28,16 миллиард сомонӣ (3,04 миллиард доллар) ё 65 фоиз ва тибқи нақшаи молиявии моҳҳои январ-декабри соли 2025 6,4 миллиард сомонӣ (697,2 миллион доллар) ё 101 фоизро ташкил медиҳад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 11, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад