НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон қариб 400 корхонаи саноатӣ таъсис дода шуд

Февраль 11, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 11.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати саноати Тоҷикистон аз таъсиси 396 корхонаи нави саноатӣ дар ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар натиҷаи таъсиси 396 корхонаи нави саноатӣ дар Тоҷикистон 13 ҳазору 113 ҷойи нави кор фароҳам оварда шуд.

Шералӣ Кабир афзуд, ки соли 2025 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 54 корхона бо157 ҷойи нави кор, дар вилояти Суғд 144 корхона бо 847 ҷойи нави кор, дар вилояти Хатлон 85 корхона бо 700 ҷойи нави кор, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 50 корхона бо 290 ҷойи нави кор ва дар шаҳри Душанбе 63 корхонаи саноатӣ бо таъсиси 428 ҷойи нави кор ба истифода дода шуданд.

Аз ҳисоби ин корхонаҳои нави саноатӣ ба маблағи беш аз 198 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст.

Ҳоло дар Тоҷикистон 3 ҳазору 972 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо қариб 93 ҳазор ҷойи кор ба қайд гирифта шудааст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 11, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад