Сабабҳои асосии рух додани садамаҳои нақлиётӣ кадомҳоянд? Ва ё чаро то ҳол ин вазъ нигаронкунанда боқӣ мемонад?

Февраль 16, 2026 09:40

ДУШАНБЕ, 16.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабабҳои асосии рух додани садамаҳои нақлиётӣ, пеш аз ҳама, беэҳтиётӣ, риоя накардани талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, бо суръати баланд рондани мошин, дар ҳолати мастӣ идора кардани нақлиёт, истифодаи телефонҳои мобилӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагону пиёдагардон ва баромадан ба самти муқобил мебошанд. Дар ин хусус Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода 12 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба маълумоти Рамазон Раҳимзода, соли 2025 дар ҷумҳурӣ 1373 ҳолати садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷаи ин садамаҳо 643 нафар ба ҳалокат расида, 1542 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст, ки нисбат ба соли 2024 зиёд мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 барои пешгирии ҳолати бо мошини шахсӣ ба дарс омадани донишҷӯён мунтазам чораҳои зарурӣ дида шуданд. Ҳангоми гузаронидани чунин чорабиниҳо 13 далели бо мошини шахсӣ ба дарс омадани донишҷӯён ва 52 далели идораи нақлиёт аз ҷониби ноболиғон ба қайд гирифта шуд. Аз ҷониби донишҷӯён 27 ҳодисаи роҳу нақлиёт содир карда шудааст, ки дар натиҷа ду нафар ба ҳалокат расида, 5 нафар ҷароҳати гуногун бардоштааст.

Бояд гуфт, ки дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва афзоиши шумораи воситаҳои нақлиёт масъалаи таъмини бехатарии роҳҳо ва коҳиши садамаҳои нақлиётӣ ба яке аз масъалаҳои мубрам табдил ёфтааст. Яке аз роҳҳои муассири ҳалли ин масъала мутобиқ гардонидани роҳҳо ба стандартҳои байналмилалӣ мебошад.

Таҳқиқоти байналмилалӣ нишон медиҳанд, ки дар роҳҳое, ки бо риояи меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд шудаанд, шумораи садамаҳо 30–50 дарсад камтар аст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии шарикони рушд ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти беҳтарсозии инфрасохтори роҳҳо корҳои зиёд анҷом медиҳад. Татбиқи лоиҳаҳои бузурги роҳсозӣ, аз ҷумла бунёди роҳи Душанбе–Бохтар, Душанбе–Чанок, Душанбе–Қулма бо истифода аз талаботи муосир сохта шудаанд. Ин раванд ба коҳиши садамаҳо ва беҳтар гардидани сифати хизматрасонии нақлиётӣ мусоидат менамояд.

Бояд таъкид намуд, ки яке аз роҳҳои асосии ҳалли масъалаи пешгирии танбашавӣ ва садамаҳои нақлиётӣ ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ тарғибу ривоҷ додан ва муносибатҳои эҳтиромона байни ҳамаи иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ (ронандагони ҳама гуна воситаҳои нақлиёт, мусофирон, пиёдагардон) ва риояи қоидаҳои ҳаракат аз ҷониби ронандагон ва пиёдагардон мебошад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 11 июли соли 2017 дар шаҳри Душанбе доир гардид, вазъи садаманокӣ ва оқибатҳои фоҷиабори онро таҳлилу баррасӣ намуда, иброз доштанд, ки: «бештари садамаҳои нақлиётӣ, ки боиси марги одамони зиёд мегарданд, аз ҷониби шахсоне содир мешаванд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд ва бо суръати баланд ҳаракат карда, талаботи аломатҳои роҳро дағалона вайрон месозанд».

Бо дарназардошти чунин вазъ, Президенти мамлакат ба сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки дар муддати кӯтоҳ лоиҳаи қонунро доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои ҷорӣ барои бе ҳуҷҷати ронандагӣ, дар ҳолати мастӣ идора кардани воситаи нақлиёт, бо суръати баланд ҳаракат кардан ва ба муассисаи таълимӣ бо мошини шахсӣ ҳозир шудани наврасону ҷавонон омода карда, барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

28 августи соли 2017 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як зумра қонунҳоро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расониданд.

Ҳамин тариқ, тибқи тағйиру иловаҳои ба кодексҳои мазкур воридгардида, аз ҷумла муҳлати аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум намудан аз ду то даҳ сол зиёд ва барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ ҷазо вазнин карда шуд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 16, 2026 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд