Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бошқирдистони Федератсияи Русия мулоқот намуд

Февраль 25, 2026 09:23

ДУШАНБЕ, 25.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 феврал Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Раиси Ҷумҳурии Бошқирдистони  Федератсияи Русия Радий Хабиров мулоқот намуд. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад.

Зимни мулоқот масъалаҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Бошқирдистон дар соҳаҳои иқтисод, савдо, бахши агросаноатӣ, тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ баррасӣ шуданд.

Ҳамзамон дар вохӯрӣ Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода Консули генералии навтаъйини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Фаридун Файзуллозодаро ба таври расмӣ  муаррифӣ намуд.

Дар зимн ҳамсуҳбатон ба густариши ҳамкории сармоягузорӣ дар сатҳи байниминтақавӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

Февраль 25, 2026 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд