Соли 2025 дар гармхонаҳои Тоҷикистон беш аз 80 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид
ДУШАНБЕ, 10.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 барои таъмини аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза аз гармхонаҳои доимамалкунандаю мавсимӣ 80 206 тонна сабзавот, аз ҷумла 26 695 тонна помидор, 23 018 тонна бодиринг ва 30 492 тонна дигар намуди сабзавот истеҳсол ва ба бозори истеъмолии мамлакат пешниҳод гардид. Дар ин хусус аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар мамлакат 996 гармхонаи доимамалкунанда фаъолият мекунад, ки замини он 178 гектарро ташкил медиҳад.
Солҳои охир таваҷҷуҳ ба рӯёнидани сабзавоти тару тоза ва сабзаҷот дар гармхонаҳо меафзояд. Фаъолияти босамари гармхонаҳо аст, ки дар рӯзҳои зимистон бозори истеъмолӣ аз ҷониби кишоварзони мамлакат бо сабзавоти тару тоза таъмин карда мешавад.
Ҳукумати мамлакат аҳамияти иқтисодӣ ва иҷтимоии ин масъаларо ба инобат гирифта, ба хотири васеъ намудани майдони истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тавассути гармхонаҳо тадбирҳои муассир меандешад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






