Соли 2025 дар корхонаю коргоҳҳои саноатии ноҳияи Ёвон ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд

Февраль 10, 2026 09:40

ДУШАНБЕ, 10.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар корхонаю коргоҳҳои саноатии ноҳияи Ёвон ба маблағи 2 миллиарду 26 миллиону 308,6 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба соли 2024 248 миллиону 472,4 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 114 фоизро ташкил дод. Дар ин хусус Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон маълумот дод.

Ба иттилои раиси ноҳия, дар ноҳия 63 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд. Соли 2024 дар ноҳия 8 коргоҳи саноатӣ бо 35 ҷойи нави кор мавриди истифода қарор дода шуд.

Корхонаю коргоҳҳои саноатии ноҳия соли 2025 ба маблағи 2 миллиарду 26 миллиону 308,6 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли 2024 248 миллиону 472,4 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 114 фоизро ташкил дод.

Таъкид карда шуд, ки барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон то имрӯз нақшаи сохтмони иншооти ҷашнӣ дар ҳаҷми 98,2 фоиз иҷро гардида, дар ҳудуди ноҳия аллакай 551 иншоот бунёд карда шудааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия раванди амалисозии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳоеро, ки ба таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия равона гардидаанд, таҳти назорати доимӣ қарор дода, барои татбиқи саривақтии онҳо дар оянда низ бо истифода аз тамоми имконияти мавҷуда тадбирҳои зарурӣ меандешад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Февраль 10, 2026 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар Тоҷикистон ба 381 ҳазор адад расид
Ҳайати Туркманистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба Душанбе омад
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд хатсайри нави нақлиётии байналмилалӣ фаъол карда шуд
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид