СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд

Февраль 17, 2026 14:20

ТУРСУНЗОДА, 17.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва бо мақсади рушди соҳаи варзиш, ба футбол машғул шудани ҷавонону наврасон дар деҳаи Нурафшони Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори  минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.

Ҷавонону наврасони ҷамоат минбаъд метавонанд бе мушкилӣ дар ин толори варзишӣ мусобиқаҳои футбол ташкил намоянд. Ҳамчунин бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва саҳми соҳибкорону сокинон дар деҳаи Нурафшони Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳр мактаби нав бунёд мегардад. Ин иқдоми некро сокинони деҳа бо иттиҳоду сарҷамъӣ пеша намуда, дар заминаи муассисаи таълимии №115 бинои наву замонавии мактаби деҳаашонро бунёд мекунанд.

Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода зимни суҳбат бо сокинон барои ташаббусҳои неки мардуми деҳаи Нурафшон изҳори миннатдорӣ намуд. Таъкид шуд, ки бунёд гардидани бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 115 ба ояндаи дурахшони фарзандон мусоидат менамояд. Агар мо имрӯз барои фарзандон шароити муосири таълимро муҳайё намоем, дар оянда мутахассисони соҳибкасб тарбия ёфта, ба Ватан содиқона хизмат менамоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Февраль 17, 2026 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид