ТАЪСИРИ ОМИЛИ ИНСОНӢ. Бо рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ он дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш меёбад

Февраль 5, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 05.02.2026. /АМИТ «Ховар»/. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҷиҳати пурра ҷорӣ намудан ва оммавӣ гардонидани сомонаи ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешад. Ҳамчунин зарур аст, ки раванди идоракунии давлатиро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба роҳ монда, таъсири омили инсонӣ дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш дода шавад. Чунин дастуру супориш доданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 16 декабри соли 2025.

Сарвари давлат дар тақвияти ин масъала иброз доштанд, ки «Як мисоли одӣ: Дар солҳои гузашта, яъне то ҷорӣ намудани технологияҳои муосири ҳисоб ва пардохти неруи барқ – низоми рақамии биллингӣ дар ҳисоботи шабакаҳои барқ 30 – 40 фоизи аҳолӣ ҳаққи истифодаи неруи барқро пардохт намекард. Баъд аз ҷорӣ шудани низоми нави биллингӣ 100 фоизи аҳолӣ ҳамчун пурра пардохткунандаи ҳаққи истифодаи неруи барқ ба ҳисоб гирифта мешавад».

«Ин рақамҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки қаблан таҳти таъсири омилҳои инсонӣ ё сӯйистифода аз мансаб аз тарафи баъзе кормандони соҳа пардохтҳо пурра ба ҳисоб гирифта намешуданд ва талафоти беасоси неруи барқ ба таври сунъӣ ба зиммаи аҳолӣ ва дигар гурӯҳҳои истифодабарандагони неруи барқ гузаронида мешуд»,-таъкид намуданд Роҳбари давлат.

Мавриди ёдоварист, ки моҳи январи соли равон бо мақсади рушди минбаъдаи низоми ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон, таъмини шаффофият, баланд бардоштани самаранокии пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ дар ҷумҳурӣ Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ — khizmat.ehukumat.tj мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2025 «Феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ» тасдиқ гардида, номгӯйи 927 хизматрасонии давлатӣ ба таври мушаххас муайян карда шуд.

Айни замон 60 номгӯй хизматрасонии давлатӣ ба портали ягона ворид гардида, барои истифодаи шаҳрвандон дар шакли электронӣ дастрас мебошанд. Аз ҷумла, ваколатнома оид ба идоракунии воситаи нақлиёт БЕ ҳуқуқи ихтиёрдорӣ, ваколатнома оид ба идоракунии воситаи нақлиёт БО ҳуқуқи ихтиёрдорӣ, маълумотнома дар бораи доштани ё надоштани доғи судӣ, иҷозат (талон) барои истифодаи воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира, баҳисобгирии тӯйҳои домодию арӯсӣ, бақайдгирии соҳибкори инфиродӣ, гирифтани имзои электронӣ, иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ, бақайдгирии давлатии таваллуд, додани хулоса барои гирифтани тамғаҳои аксизӣ ва пардохти андоз барои воситаи нақлиёт. Рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ марҳила ба марҳила то соли 2030 амалӣ шуда, тавассути портал пешниҳод мегарданд.

Бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати хизматрасониҳои давлатӣ Маркази хизматрасонии давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо қабули ҳузурии шаҳрвандон таъсис дода шуд. Фаъолияти Маркази мазкур ва Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ — «khizmat.ehukumat.tj» аз 17 ноябри соли 2025 дар шакли пилотӣ оғоз гардид.

Шаҳрвандон ба Маркази хизматрасониҳои давлатӣ омада, расмиёти айнияткунониро мегузаранд ва минбаъд тамоми хизматрасониҳои ба Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ khizmat.ehukumat.tj воридгардидаро бе зарурати омадани такрорӣ дар шакли электронӣ дастрас менамоянд. Ҳуҷҷатҳои электронии тавассути портал пешниҳодшаванда дорои қувваи ҳуқуқии баробар бо ҳуҷҷатҳои шакли коғазӣ мебошанд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Кумитаи андоз вазифадор карда шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати гузариши пурра ба раванди рақамии идораи молияи давлатӣ, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии молиявӣ дар ҳамаи субъектҳои хоҷагидор, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, корбарӣ намоянд. Инчунин пурра ҷорӣ намудани низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ таъкид гардид.

«Яке аз масъалаҳои муҳим — ин омодасозии кадрҳои соҳа мебошад. Бе кадрҳои соҳибтахассус гузариш ба иқтисоди рақамӣ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки талаботи бозори меҳнатро омӯхта, тайёр намудани мутахассисон дар соҳаҳои IT, зеҳни сунъӣ, киберамният ва таҳлили додаҳоро вусъат бахшанд»,-тазаккур доданд Президенти мамлакат.

Ёдовар мешавем, дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи байниидоравӣ оид ба танзими соҳаи зеҳни сунъӣ таъсис дода шудааст. Он ҳамоҳангсозии татбиқи сиёсати миллӣ дар самти зеҳни сунъӣ ва мусоидат ба иҷрои самараноки «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040»-ро ба уҳда дорад.

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бо мақсади рушди ин соҳа бо ширкатҳои пешсафи ҷаҳонӣ дар самти зеҳни сунъӣ — «Presight AI h»-и Амороти Муттаҳидаи Араб ва «Scale AI»– и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамкориро тақвият бахшидааст.

Ёдрас мешавем, ки ширкати «Presight» соли 2020 дар Абузабӣ таъсис ёфта, зерсохтори холдинги технологии G42 буда, сармояи он ба 3,7 миллиард доллари амрикоӣ мерасад. Маҳсулоти аслии «Presight» — платформаи TAQ мебошад, ки зиёда аз 100 модели зеҳни сунъиро фаро гирифта, барои таҳлили ҳамаҷониба ва қабули қарорҳои асосёфта дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла хизматрасониҳои давлатӣ, молия, варзиш, хизматрасониҳои коммуналӣ, иқлим ва маориф ба таври васеъ истифода мешавад.

Ширкати «Scale AI» соли 2016 дар шаҳри Сан-Франсискои Калифорния таъсис ёфтааст ва сармояи он ба 25 миллиард доллари амрикоӣ мерасад. Ширкат ба таҳлил ва аннотатсияи маълумот барои омӯзиши моделҳои зеҳни сунъӣ машғул мебошад. «Scale AI» бо ширкатҳои бузург, аз ҷумла Meta, Microsoft, OpenAI ва Вазорати мудофиаи Амрико ҳамкорӣ менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки рушди инноватсия ва технологиҳои рақамӣ барои Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳим буда, метавонад дар оянда ба рушди устувор ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намояд.

Хотиррасон менамоем, ки бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон солҳои 2025-2030 дар ҷумҳурӣ «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардидаанд. Ҳадафи он таъмини рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва технологияҳои инноватсионӣ мебошад. Ин ташаббус ба гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва рушди устувори мамлакат дар солҳои наздик равона шудааст.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 5, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид
Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии рушди низоми почтаи Тоҷикистон ба имзо расид
ИЛОҶИ ВОҚЕА-ПЕШ АЗ ВУҚУЪ. Дар Тоҷикистон майдони тухмгузории малах муайян карда шуд