Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид

Февраль 27, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 27.02.2027 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ дар мулоқоти  муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Юсуфзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори навтаъйини Ҷумҳурии Арабии Миср дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Томир Фатҳӣ Абдуссалом Ҳаммод (бо қароргоҳ дар шаҳри Тошканд) дар Душанбе баррасӣ гардиданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо ҳамзамон таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бо назардошти иқтидор ва зарфияти сармоягузории ҳарду давлат тарафҳо барои тақвияти робитаҳои иқтисодӣ, ҷалби сармоя ва мубодилаи таҷриба дар самтҳои афзалиятноки рушд изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 27, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид