НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон низоми баҳогузории 10-хола чӣ натиҷа дод?

Февраль 4, 2026 16:20

ДУШАНБЕ, 04.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли таҳсили  2025-2026 дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ба дониш ва малакаи хонандагон аз рӯи низоми 10-хола  баҳо дода мешавад. Дар нимсолаи аввали соли таҳсил ин низом чӣ натиҷа дод?  Вобаста ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯза Давлатзода директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтоир Саидзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ чунин посух дод:

«Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози соли таҳсили 2025-2026 то 20 декабри соли 2025 дар 374 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ санҷиши сатҳи сифати таҳсил ва аттестатсияи давлатӣ доир намуд. Дар натиҷа муайян гардид, ки тибқи амалӣ гардидани низоми баҳогузории 10-хола дар ин муассисаҳо  сифати таҳсил 41 фоизро ташкил дод. Дар ҷамъбасти соли таҳсили 2024-2025 тибқи низоми баҳогузории 5-хола сифати таҳсил 35 фоизро ташкил медод, яъне таносуб то 6 фоиз тамоюли зиёдшавӣ дорад», — афзуд Маҳмадтоир Саидзода.

Таъкид гардид, ки гузариш ба низоми баҳогузории 10-хола, ки таҷрибаи бештари давлатҳои дунё мебошад ба фаъолияти таълимии кӯдакон таъсири ниҳоят мусбат мерасонад. Низоми баҳогузории 5-хола дар воқеъ низоми 4-хола буд. Аз рӯйи низоми баҳогузории 5-хола омузгор танҳо аз чор баҳо – «2» (ғайриқаноатбахш), «3» (миёна), «4» (хуб), «5» (аъло) истифода мебурд, ки фаъолияти  омӯзгорон нисбатан маҳдуд буд. Ба аксар хонандагоне, ки фаъолияти нисбатан паст нишон медоданд, баҳои миёна гузошта мешуд.

«Гузариш ба низоми баҳогузории 10-хола ба имконияти воқеии гузоштани баҳо мусоидат менамояд. Ин  низом кӯдаконро ба таҳсил ва азхудкунии таълим ҳавасманд мегардонад. Баҳомонӣ дар низоми пешина аз ҷиҳати руҳонӣ ва равонӣ ба кӯдакон таъсир мегузошт. Тибқи низоми баҳогузории 10-хола кӯдакон аллакай хол мегиранд, на баҳо»,-иброз намуд  директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки 1 сентябри соли 2023 зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ба масъалаҳои омодагӣ ва гузариш ба низоми бисёрхолаи арзёбии дониши хонандагон ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.

Дар таҳияи ин низом кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маориф, Маркази таълимӣ-методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои дахлдор саҳм гузоштаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 4, 2026 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?