Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
ДУШАНБЕ, 20.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ҳамкориро бо ширкати «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад, иттилоъ додааст АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар доираи Саммити ҷаҳонии «AI IMPACT SUMMIT – 2026» дар Ҳиндустон бо роҳбари бахши ҳамкорӣ бо давлатҳо аз ширкати «Google DeepMind» Оуэн Лартер мулоқот анҷом дода, дурнамои густариши ҳамкорӣ дар самти зеҳни сунъиро баррасӣ намуд.
Гуфта шуд, ки дар доираи фаъолияти Шурои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нав кори такмили «SoroLLM» — модели забони миллӣ барои забони тоҷикӣ, ки аз ҷониби мутахассисони тоҷик таҳия шудааст, идома дорад. Ин раванд бо истифода аз модели пешрафтаи «Gemma» аз «Google DeepMind» амалӣ мегардад. Модели асосии «SoroLLM» аллакай дар доираи ташаббуси миллии «Лоиҳаи Соро» дар 100 муассисаи таълимии мамлакат ҷорӣ карда шудааст.
Шералӣ Кабир ҳамчунин дар бораи лоиҳаи махсуси минтақаи зеҳни сунъӣ «Area AI» иттилоъ дод, ки дар доираи он ширкатҳои пешбари соҳаи зеҳни сунъӣ метавонанд таҳия ва содироти ҳалли муосири зеҳни сунъиро аз Тоҷикистон дар асоси механизми «қумдони зеҳни сунъӣ» (AI Sandbox) ба роҳ монанд. Ширкатҳои байналмилалии «Perplexity», «Cerebras», «Supermicro» ва «Yotta» ҳоло аъзои Консорсиуми «Area AI» мебошанд.
Оуэн Лартер ба таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди моделҳои пешрафтаи зеҳни сунъӣ барои соҳаи маориф дар доираи лоиҳаи «Area AI» таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд






