Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад

Февраль 20, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 20.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Италия дар соҳаи саноат, хусусан воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият диҳад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Масъалаҳои марбут ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои саноат  дар  мулоқоти муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Назар бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Италия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гвидо де Санктис дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо самтҳои авлавиятноки рушди минбаъдаро муайян намуданд. Иброз гардид, ки ҳамкории Тоҷикистон бо  Италия дар самти коркарди маҳсулоти саноати нассоҷӣ, мошинсозӣ, ғизоӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ дорои имконияти назаррас ва иқтидори баланд барои тавсеа мебошад.

Ҳамзамон имконияти воридоти технологияҳои истеҳсолӣ, табодули таҷриба, таъсиси корхонаҳои муштарак ва сармоягузорӣ дар самти саноат мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Ҷонибҳо барои таҳкими муколама ва идомаи ҳамкории мутақобили судманд изҳори омодагӣ намуданд.

 АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 20, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид