Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон ташриф овард
ДУШАНБЕ, 17.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тақвияти ҳамкории саноатӣ байни Тоҷикистон ва Эрон имрӯз Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммад Аттабак ба Тоҷикистон ташриф овард, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Интизор меравад, ки Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар доираи сафар ба Тоҷикистон бо Сарвазири Тоҷикистон, вазирони саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мулоқот намуда, самтҳои афзалиятноки ҳамкории ду давлатро дар соҳаҳои саноат, маъдан ва тиҷорат баррасӣ намояд.
Инчунин дар назар аст, ки Сайид Муҳаммад Аттабак аз иншооти муҳими саноатии Тоҷикистон ва IT-паркҳо боздид намояд.
Сайид Муҳаммад Аттабак инчунин бо соҳибкорон ва сармоягузорон мулоқот менамояд.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд






