Зимни баргузории амалиёти назоратӣ дар Рашт 60 кабк ва як яроқи шикорӣ мусодира карда шуд

Февраль 19, 2026 19:00

ДУШАНБЕ, 19.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Нозирони Раёсати назорати давлатии  истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни гузаронидани амалиёти назоратӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Рашт ва Тоҷикобод 12 ҳолати вайрон намудани талаботи қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зистро ошкор намуданд, ки дар натиҷа нисбат ба шахсони масъул санад тартиб дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ноҳияи Рашт ҳамчунин як ҳолати шикори ғайриқонунии кабк ошкор гардида, як яроқи шикорӣ ва 5 кабк мусодира карда шуд. Илова бар ин, 60 кабки зинда мусодира гардид. Ҳамчунин ба 280 шаҳрванд зарари шикори ғайриқонунӣ фаҳмонида шуд.

Иброз гардид, ки гузаронидани амалиёти назоратӣ ба сиёсати давлатии ҳифзи муҳити зист равона гардида, ҳадафи он ҳифзи гуногунии биологӣ, нигоҳдории тавозуни табиӣ ва пешгирии нобудшавии олами ҳайвоноту парандагон мебошад.

Маълум аст, ки бинобар боридани барфи зиёд дар фасли зимистон дар кӯҳҳо баъзе намудҳои парандагону ҳайвонот барои  ҷустуҷӯи хошок ва дон ба водиҳо мефароянд. Бархе сокинони минтақаҳои наздикӯҳии мамлакат ба ҷои ба парандагон ва ҳайвонот додани дону хошок  бо истифода аз яроқи шикорӣ ва тӯр аз пайи шикори онҳо мешаванд. Ин рафтори онҳо мухолифи қонунгузории  Тоҷикистон дар самти ҳифзи олами набототу ҳайвонот мебошад.

Ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва дар маҷмуъ табиат вазифаи муқаддаси ҳар шахс мебошад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 19, 2026 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд