22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст

Март 22, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 22.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об- «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-ум доир ба эълон намудани Соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки 14 декабри соли 2022 қабул гардид, дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об ва ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим нақши муассир гузоштаанд. Ин ташаббусҳо бозгӯи саҳми бузурги Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим дар сайёра арзёбӣ мегарданд.

Конфронси Рио-де-Жанейро ва таҷлили Рӯзи ҷаҳонии об

Ҳамасола 22 март мардуми сайёра Рӯзи ҷаҳонии об (World Day of Water)-ро таҷлил менамояд. Рӯзи ҷаҳонии об бори нахуст аз Конфронси Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба муҳити зист ва рушд (UNCED), ки соли 1992 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор шуд, ибтидо гирифт. Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатъномаи 47/193 аз 22 феврали соли 1993 22 мартро Рӯзи ҷаҳонии об эълон намуд.

Ҳадаф — дастрасӣ ба об ва истифодаи устувори захираҳои оби тоза

Тибқи тавсияҳои Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист ва рушд, Рӯзи ҷаҳонии об аз соли 1993 инҷониб таҷлил мегардад. Дар асоси ин қатънома давлатҳо даъват шудаанд, ки Рӯзи ҷаҳонии обро ба татбиқи тавсияҳои Созмони Милали Муттаҳид ва амалҳои мушаххас дар сатҳи миллӣ бахшанд. Дар маҷмуъ, Рӯзи ҷаҳонии об ҳамасола бо мақсади таъкиди аҳамияти дастрасӣ ба оби тоза ва мусоидат ба истифодаи устувори захираҳои оби тоза дар ҷаҳон доир мегардад.

Тоҷикистон- пешсаф дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об

Тоҷикистон аз соли 2000 инҷониб бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти афзун гардидани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои об ва муҳимияти захираҳои обӣ барои ноил гардидан ба рушди устувор масъалаҳоро вобаста ба об дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд пеш бурда, тавсеа мебахшад. Бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об нуҳ қатънома қабул намуд ва татбиқи онҳо барои расидан ба ҳадафҳои глобалии ҳамоҳангшуда дар соҳаи об заминаи мусоид гузошт. Дар пешбурди чунин ҳадафҳои глобалӣ давлатҳои аъзо ва ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла аъзои Гурӯҳи дӯстони об нақши муҳим мебозанд.

Ҳудуди Тоҷикистон 90 фоиз аз минтақаҳои ташаккулёбандаи маҷрои дарёҳо иборат буда, асоси захираҳои обии мамлакатро пиряхҳо, дарёҳо, кӯлҳо, обанборҳо ва обҳои зеризаминӣ ташкил медиҳанд. Суръати миёнаи солонаи маҷрои дарёҳо дар мамлакат ба 64 км³, аз ҷумла дар ҳавзаи Амударё ба 62,9 км³ ва ҳавзаи Сирдарё ба 1,1 км³ дар як сол баробар мебошад. Оби дарёҳои Тоҷикистон 55,4 фоизи ҳаҷми миёнаи солонаи оби ҳавзаи баҳри Аралро ташкил менамояд.

Ташаккули 60 фоизи обҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон

Тоҷикистон дорои захираҳои бойи обию энергетикӣ буда, дар ҷаҳон баъд аз Чин, Русия, Амрико, Бразилия, Конго, Ҳиндустон, Канада ҷойи ҳаштум ва дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ зинаи якумро ишғол менамояд. Инчунин 60 фоизи обҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул ёфта, дар мамлакат захираҳои бузурги оби тозаи нӯшокӣ мавҷуд мебошанд.

Истеҳсоли 95 фоизи барқ тавассути неругоҳҳои барқи обӣ

Захираҳои об дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти мамлакат нақши муассир доранд. Дар айни замон захираҳои об дар ҷумҳурӣ манбаи асосии истеҳсоли энергия буда, 95 фоизи барқ дар Тоҷикистон тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад. Захираҳои обӣ дар соҳаҳои обёришаванда ва истеҳсоли тақрибан 80 фоизи маҳсулоти кишоварзӣ, таъминоти оби нӯшокӣ ва санитария, саноат ва моҳипарварӣ, ки дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои босифат нақши муҳим доранд, истифода мешаванд. Захираҳои об дар ҷумҳурӣ ҳамчунин дар таъмини шуғлнокии аҳолӣ низ саҳм мегузоранд. Рушди минбаъдаи соҳаи гидроэнергетика, соҳаҳои обёришавандаи кишоварзӣ ва саноат ҷойи нави корро ташкил менамоянд. Аз ин номгӯй муҳимияти бештарро соҳаҳои обёришавандаи кишоварзӣ касб менамоянд, зеро қисмати зиёди аҳолии деҳоти мамлакатро бо кор таъмин менамоянд.

Фаъолияти 96 дидбонгоҳи обченкунӣ

Бо назардошти он ки Тоҷикистон дар минтақаи ташакулёбии захираҳои обии Осиёи Марказӣ қарор дорад ва зиёда аз 60 фоизи ҷараёни обҳои минтақа дар ҷумҳурӣ ташакул меёбанд, ба омӯзиши ҷараёни дарёҳо дар ҳудуди ҳавзаҳои асосии ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Барои омӯзиши реҷаи обшиносӣ (гидрологӣ)-и объектҳои обӣ -дарёҳо ва кӯлҳо ва ҳисоби захираи обҳои рӯизаминии ҷумҳурӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 96 дидбонгоҳи обченкунӣ фаъолият доранд. Дар онҳо мушоҳидаи сатҳ, сарф ва ҳарорати об, инчунин сифати объектҳои обӣ санҷиш ва таҳлил мешаванд.

Норасоии оби нӯшокӣ дар ҷаҳон

Ҳоло тибқи арзёбиҳои институтҳои СММ, ҳудуди 900 миллион нафар аҳолии сайёра аз нарасидани оби нӯшокӣ танқисӣ кашида, қариб се миллиард аҳолии дунё ба беҳдошти замони муосир дастрасӣ надорад. Соли 2050 аҳолии ҷаҳон то ба 9 миллиард расида, бо назардошти афзоиши босуръати аҳолӣ олимону коршиносон то соли 2030 мушкилоти норасоии обро барои қариб 40 фоизи аҳолии ҷаҳон арзёбӣ менамоянд. Набудани ҳамоҳангӣ байни давлатҳое, ки ҳавзаҳои оби фаромарзиро истифода мебаранд, вазъро мураккаб гардонидааст, зеро ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзӣ 45 фоизи қисмати хушкии дунёро фаро мегиранд. Дар онҳо 145 кишвари дунё ҷойгир буда, 40 фоизи аҳолии ҷаҳон зиндагӣ менамояд.

Даъвати ҷомеаи ҷаҳон ба ҳалли буҳрони об

Тоҷикистон чун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳон давоми ду даҳсолаи охир бо ташаббусҳои глобалӣ дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим ба сифати давлати пешсаф ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳалли буҳрони об дар миқёси сайёра даъват намуда, ташаббусҳои ҷаҳонӣ манзур намуд. Ин ташаббусҳо дар фаҳмиши дурусти масъалаҳо ва мушкилоти марбут ба обу иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳалли онҳо барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини устувории ҳифзи муҳити зист, ба даст овардани субот ва дар маҷмуъ рушди устувор саҳми назаррас мегузоранд.

Душанбе — мизбони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд

Аз 25 то 28 майи соли 2026 дар Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» баргузор мешавад. Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии амал барои об ва ҳамраиси Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 тамоми кӯшишро барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об ба харҷ медиҳад. «Бо такя ба дастовардҳои конфронсҳои қаблии оби Душанбе (солҳои 2018, 2022 ва 2024) конфронси чорум ҳадаф дорад, ки суръати эҷодкардаи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023-ро нигоҳ дорад, татбиқи Рӯзномаи амали обро пеш барад ва муҳокимаҳоро барои омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2028, ки дар Тоҷикистон баргузор мешавад ва нақши об дар Рӯзномаи пас аз соли 2030 оғоз кунад.

Тибқи иттилои котиботи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» интизор меравад, ки роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, вазирон, ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, муассисаҳои молиявӣ, илмӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонон ва бахши хусусӣ дар конфронс барои пешбурди уҳдадориҳо ва ташвиқи роҳҳои ҳалли тағйирдиҳанда дар бахши об иштирок намоянд.

Натиҷаҳои асосии конфронс дар Эъломияи ниҳоӣ

Барномаи конфронс (Water Action Agenda) ҷаласаҳои умумии сатҳи баланд, шаш ҷаласаи мавзуӣ, ки ба мавзуъҳои муколамаҳои интерактивии Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026 мувофиқат мекунанд, се панели махсус, ки ба оянда нигаронида шудаанд, форумҳо, чорабиниҳои иловагӣ, намоишгоҳи байналмилалӣ ва ҷаласаи омодагии минтақавиро, ки аз ҷониби Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP) ташкил карда шудааст, дар бар мегирад. Иштирокчиёни конфронс ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон сафар намуда, бо мероси бойи фарҳангӣ ва таърихии тоҷикон, иқтидор ва захираҳои обӣ, таҷрибаи Тоҷикистон дар самти идоракунии устувори захираҳои об ва рушди неругоҳҳои барқи обӣ шинос мешаванд. Натиҷаҳои асосии конфронс дар Эъломияи ниҳоӣ, Хулосаи ҳамраисон ва Саҳми расмӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026 инъикос хоҳанд ёфт.

Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар масъалаи об

Дар маҷмуъ, захираҳои обӣ неъмати бебаҳо буда, истифодаи нодурусти он метавонад инсониятро дар ояндаи на чандон дур ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ намояд. Аз ин рӯ, вазъи феълии ҷаҳон тақозо мекунад, ки дар истифодаи манобеи обӣ аз беҳтарин ва пешрафтатарин фановариҳои рӯз кор гирифта шуда, ба ҳеҷ ваҷҳ набояд сабабгори исрофи об шуд. Хусусан раванди тағйирёбии иқлим бештар ба захираҳои обӣ таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар масъалаи обу иқлим ва обшавии пиряхҳо саривақтӣ ва муҳим буда, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва кишварҳои ҷаҳонро водор менамояд, ки нисбат ба истифодаи иқтидор ва захираҳои обӣ, ки яке аз ҳадафҳои рушди устувор мебошанд, дар ҳамоҳангӣ тадбирҳои зарурӣ ва муассир андешанд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар

АКС аз манбаъҳои боз

Март 22, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Оростани хони наврӯзӣ бо таомҳои миллӣ рамзи эҳтиром ба анъанаҳои таърихӣ мебошад
СУМАНАК ЗЕБИ БАҲОР АСТ! Суманакпазӣ яке аз анъанаҳои қадимӣ ва суннатии тоҷикон аст
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАМИН. Ҳар нафар вазифадор аст дар хусуси хонаи умумии мо ғамхорӣ намояд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАНГАЛ. Хуч на танҳо хосияти шифобахшӣ, балки аҳамияти калони экологӣ низ дорад
ЗАХИРАҲОИ ОБ — МУҲИМТАРИН МАНБАИ ҲАЁТ. Соли 2028 дар Тоҷикистон Конфронси СММ оид ба захираҳои об баргузор мешавад
Бунмояҳои астрономӣ ва космологии ҷашни Наврӯз
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд