35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 11.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ гардида, ба иншооти муосири хизматрасонӣ табдил дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон иттилоъ доданд.
Меҳмонхона бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таъмиру навсозӣ шуда, барои қабули меҳмонону сайёҳон бо шароити муосир муҷаҳҳаз гардонида мешавад.
Ҳамчунин корҳои ободонӣ ва барқарорсозӣ дар кӯли шаҳрии Бӯстон, дар шафати меҳмонхона идома доранд. Бо истифода аз техникаи зарурӣ ва ҷалби мутахассисон корҳои тозакунӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ ва зебо намудани муҳит босуръат пеш бурда мешаванд.
Дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии русии драма ва мазҳакаи ба номи А. Пушкин низ ба таъмири куллӣ фаро гирифта шудааст. Ин муассисаи фарҳангӣ соли 1972 бунёд гардида, масоҳати умумии он 1350 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Театр аз ду ошёна, 14 утоқи корӣ, толори хурд ва толори калон бо 280 ҷойи нишаст иборат буда, дар он 41 нафар кормандону ҳунармандон фаъолият менамоянд.
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон бинои театр ба таъмири асосӣ фаро гирифта шуда, бо фароҳам овардани шароити замонавӣ фаъолияти ҳунармандон боз ҳам беҳтар мегардад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад






