Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид

Март 4, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 04.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Туркманистон соли 2025 ба 43,1 миллион доллар баробар гардида, нисбат ба соли 2024 дар ҳаҷми 17,1 фоиз афзоиш ёфтааст. Ин нишондиҳанда далели сатҳи рӯзафзуни ҳамкории иқтисодии ду давлат мебошад. Чунин гуфта шуд дар ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ, ки 3 март дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҷаласа таҳти раёсати ҳамраисони Комиссия – муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригулӣ Атахаллиев бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои ҷонибҳо доир гардид.

Дар оғози ҷаласа иброз гашт, ки бо иродаи сиёсӣ ва роҳнамоии роҳбарияти олии ду давлат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов ҳамкории дуҷониба дар ҳама самтҳо мунтазам густариш ёфта, ба сатҳи сифатан нав мебарояд.

Ҷонибҳо масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳолат ва дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, такон бахшидан ба муомилоти ду мамлакат, рушди робитаҳо дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия, энергетика ва захираҳои об, саноату сохтмон, кишоварзӣ, маориф ва илм, тандурустӣ, саноати тиббӣ, авиатсияи гражданӣ, рушди ҳамкории фарҳангӣ-гуманитарӣ, ҷавонон ва варзиш, инчунин тавсеаи минбаъдаи пояи ҳуқуқию шартномавии муносибатҳои тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Нишаст дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум доир шуда, изҳори итминон карда шуд, ки тарафҳо ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангиро тавсеа мебахшанд.

Дар анҷом Протоколи ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ба имзо расид.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 4, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад