Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 13.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода, муовини прокурори генералӣ, сарпрокурори ҳарбӣ Фирдавс Ҳаётзода, намояндагони Шурои амният, сохторҳои низомӣ, комиссарони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуданд.
Дар оғози ҷаласа вазири мудофиа иҷрои босифати Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» махсус таъкид намуд.
Гуфта шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки бо назардошти вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон, таҳдиду хатарҳои терроризму экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуби замон, ҳифзи амнияту суботи кишвар, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат, таъмини оромиву суботи сартосарӣ ва ҳаёти осудаи мардум аз Артиши пурқудрат ва тавонманд сахт вобастгӣ дорад.
Иброз гардид, ки боз ҳам мустаҳкам намудани қудрати дифоии кишвар аз масъулиятшиносии фарзандони ба ору номус, афсарону сарбозони шуҷову далер ва фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари хизмати ҳарбӣ алоқаманд аст. Бо дарки ин мафҳум хизматчиёни низомии Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, тамоми донишу таҷриба ва малакаи касбияшонро дар роҳи ҳифзу ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ сафарбар менамоянд.
Тазаккур дода шуд, ки айни замон аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати босифат иҷро намудани нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзи даъватшаванда дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар идома роҳбарияти мақомоти назоратӣ дар соҳаи низомӣ, вобаста ба иҷрои ҳатмии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ» изҳори андеша намуданд.
Таъкид гардид, ки пешгирии ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ, саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии аҳолӣ, махсусан наврасону ҷавонон яке аз мавзуъҳои дигари ҷаласаи имрӯза буд.
Намояндаи Шурои амният изҳор намуд, ки имрӯзҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари беҳтар гардидани шароити маишии афсарону сарбозон, ҳамзамон дар қисмҳои ҳарбии ҳама сохторҳои низомии кишвар шароити хуби будубош ва адои хизмат фароҳам оварда шудааст. Аз ин рӯ ҳар як шаҳрванди худогоҳу хештаншонос хизмат намудан ба Ватанро ҳамчун қарзи шаҳрвандиву инсонии худ дониста, ин рисолати бузурги ҷавонмардиро бо масъулияти баланд иҷро намояд.
Ҳамкории зичи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бо Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа»-и Вазорати мудофиа дар самти омода намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ гардид.
Дар қисмати дигари ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ Дилрабо Мансурӣ аз масъулини дахлдори соҳавӣ талаб намуд, ки вусъат бахшидани корҳои фањмонидадиҳӣ байни аҳолӣ, саривақт дастрас намудани даъватномаҳо ба шаҳрвандон, дар сатҳи хуб ба роҳ мондани корҳои талбиғотиву ташвиқотӣ, муоинаи дурусти тиббӣ, муайян намудани вазъи саломатии даъватшавандагон, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҷалб намудани шаҳрвандони солим ва дигар талаботи ҳатмии вобаста ба даъвати баҳорӣ саривақт ва босифат иҷро карда шавад.
Лозим ба таъкид аст, ки рушду пешрафти ҳама соҳаҳои давлатдорӣ, аз пойдории сулҳу суботи сартосарӣ вобаста мебошад ва барои ҳифзи ин неъмати бебаҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон хизматчиёни низомии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳамчун неруи тавоно ва шикастнопазир адои хизмат менамоянд.
АКС: Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон










Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд






