Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 05.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус Руслан Чернетский мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Беларусро дар соҳаи фарҳанг ва санъат мавриди баррасӣ қарор дода, рушди босуръати равобити дуҷонибаро, ки ба сиёсати ҳадафмандонаи роҳбарияти ду давлат асос ёфтааст, таъкид карданд.
Ҷонибҳо баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларусро, ки охири моҳи апрел ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ намуданд. Дар доираи чорабинӣ консерт, намоиши расмҳо ва ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии филмҳои миллӣ, инчунин чорабинии илмӣ-фарҳангӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар фарҷоми нишаст ҷонибҳо барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории фарҳангӣ-гуманитарӣ изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд






