Ҷашни Наврӯз дар Ҳисор бо иштироки меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон таҷлил гардид

Март 26, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 26.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бо шарофати талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо суннату ойинҳои неки миллӣ, аз ҷумла ҷашни Наврӯз аз нав эҳё гардида, ин ҷашни аҷдодӣ дар саросари ҷумҳурӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Наврӯзи ҷаҳонӣ ба яке аз рамзҳои муҳими фарҳанг ва ваҳдати миллӣ табдил ёфтааст. Чунин гуфта шуд дар маросими таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки дар шаҳри Ҳисор бо иштироки меҳмонони хориҷӣ баргузор гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки дар тантанаҳои ҷашнӣ муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ, муовини якуми раиси Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода, меҳмонон аз Кумитаи марказӣ ва кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ҳайати намояндагони ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуданд.

Дилрабо Мансурӣ меҳмонону сокинони шаҳрро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз табрик намуда, таъкид кард, ки ҷашни Наврӯз мероси фарҳангии миллати тоҷик буда, аз қадимулайём ҳамчун рамзи оғози зиндагии нав, эҳёи табиат ва орзуву умедҳои неки инсонӣ таҷлил мегардад. Ин ҷашни бостонӣ мардумро ба меҳру муҳаббат, ҳамдилӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ ва созандагиву бунёдкорӣ раҳнамун месозад.

Сипас бо иштироки ҳунармандони маъруфи ҷумҳурӣ ва Филармонияи халқии ба номи Тоҷиддин Муҳиддинови шаҳри Ҳисор барномаи идонаи консертӣ, ки тараннумгари баҳору наврӯз, зебоиҳои табиат буд, пешкаши меҳмонон ва сокинони шаҳр гардонида шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Март 26, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Иди байналмилалии Наврӯз дар Деваштич бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
Дар Пенза Иди Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Толятти Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
«НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО». Дар шаҳри Бӯстон тантанаҳои ҷашни Наврӯз доир шуданд
Сокинони шаҳру деҳоти Исфара Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳū истиқбол намуданд
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар ноҳияи Кӯшониён бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд