Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд

Март 23, 2026 10:40

ДУШАНБЕ, 23.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 22 март дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ аз Агентии  назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар доданд, бо мақсади риояи рукну суннатҳои ниёгон дар саҳни ҳавлии бинои мақомот аз тарафи кормандон дастархони идонаи наврӯзӣ бо риояи тамоми унсурҳои миллӣ ороста шуд.

Роҳбарияти мақомот ба дастархони оросташуда баҳои баланд дода, изҳор доштанд, ки ҳафтсину ҳафтшин дар оростани дастархони наврӯзӣ яке аз анъанаҳои муҳим ба шумор рафта, таҷассумгари таърихи қадимӣ ва фарҳанги ғании миллати тоҷик аст.

Директори Агентӣ Сулаймон Султонзода иброз намуд, ки Наврӯз ҳамчун маҳбубтарин, қадимтарин ва зеботарин ҷашни мардумӣ дар домони табиати зебои куҳандиёри мо зуҳур карда, дар сарнавишти миллат ва тамоми меросбарони он бо ибтикороти созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ гирифт ва ба асолату воқеияти таърихӣ баргашта, суннатҳои аҷдодии он барқарор гардиданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангии идона бо иштироки сарояндагон ва санъаткорони ватанӣ пешниҳод карда шуд.

 

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 23, 2026 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад
Оинҳои ҷашни Наврӯз дар намунаи ёдгориҳои қадим инъикос гардидаанд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Саҳми Пешвои миллат дар ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯз беназир аст
«ХИДИРАЙЁМ». Дар ноҳияи Шуғнон ойинҳои наврӯзӣ намоиш дода шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад»
Наврӯз роҳи расидан ба саодат, адолат ва дӯстиро тавассути эҳтиром ба решаҳои таърихӣ ва табиат талқин менамояд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳамчун ворисони аслии тамаддуни ориёӣ суннатҳои наврӯзиро минбаъд низ пос дорем»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз моро ба некиву накукорӣ даъват мекунад»