Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 02.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор таҳти унвони «Пайки 35-соли Истиқлол бо Эмомалӣ Раҳмон» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор хабар доданд.
Дар ҳамоиш раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дустмуродзода ва дигарон иштирок намуданд.
Ҷаббор Носирзода таъкид намуд, ки сокинон 10-солагии мақоми шаҳрро дар фазои сулҳу субот ва бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил менамоянд.
Иброз гардид, ки ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати созандаи Роҳбари давлат соли 2015 ҷашни 3000-солагии Ҳисор бо шукуҳу шаҳомати баланд баргузор шуд. Дар ин замина инфрасохтори шаҳр куллан нав гардида, даҳҳо иншооти иҷтимоӣ бунёд ва Мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Ҳисор ба асли замони худ барқарор карда шуд.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода зимни суханронӣ оид ба ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат, татбиқи барномаҳои давлатӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, тарбияи ахлоқиву ватандӯстии ҷавонон ва ҳифзи мероси ниёгон ибрози андеша намуд.
Сурайё Дустмуродзода низ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши Ҳисор дар таърихи давлатдории тоҷикон ёдовар шуд.
Дар идома маросими қадрдонии аъзои фаъоли ҳизб баргузор гардида, ба як қатор фаъолон Сипосномаҳо тақдим карда шуданд.
Ҳамзамон ғолибони озмунҳои «Чеҳраи муваффақи диёр» таҳти унвони «Якдил шавему мулк обод кунем» ва «Беҳтарин мутахассиси соҳа» бо ҷоиза ва дипломҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор сарфароз гардонида шуданд.
Қисмати фарҳангии ҳамоиш бо барномаи рангини ҳунарӣ бо иштироки устодони санъат, ҳунармандони оркестри симфонӣ ва ансамбли эстрадии «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳри Ҳисор манзури хотири ҳозирин гардонида шуд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор








Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд






