Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 24.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба 1050-солагии шоир ва бонуи суханвари адабиёти тоҷику форс Робиаи Балхӣ дар мавзуи «Робиаи Балхӣ ва ташаккули анъанаи суханварии занон дар адабиёти тоҷику форс» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Иштирокчиёни конференсия дар мавзуъҳои «Аввалин зани порсигӯ» ва «Симои Робиа ва таҷаллии ишқи ӯ дар «Илоҳинома»-и Фаридуддини Аттор» маъруза намуда, доир ба нақш ва ҷойгоҳи Робиаи Балхӣ дар рушду пешрафти адабиёти тоҷику форс ибрози андеша карданд.
Иброз шуд, ки адабиёт дар ҳама давру замон инъикоси зиндагии маънавии инсон, бозтоби ормонҳо, арзишҳо ва ҷаҳонбинии ҳар миллат маҳсуб мешавад. Дар таърихи пурғановати адабиёти тоҷику форс шахсиятҳое ҳастанд, ки бо истеъдоди фавқулода ва андешаи тозаи худ дар рушди фарҳанг ва шеъру сухан нақши мондагор гузоштаанд. Яке аз чунин чеҳраҳои барҷаста ва таърихсоз Робиаи Балхӣ мебошад, ки ҳамчун нахустин зани шоир дар адабиёти тоҷику форс мақоми хос дошта, дар ташаккули анъанаи суханварии занон нақши муҳим бозидааст.
Баён гардид, ки ҳарчанд аз мероси адабии Робиаи Балхӣ то имрӯз миқдори хеле кам — ҳамагӣ беш аз панҷоҳ байт ба мо расидааст, ҳамин осори маҳдуд низ аз истеъдоди нодир ва маҳорати баланди шоирии ӯ шаҳодат медиҳад. Робиаи Балхӣ бо эҷодиёти нозуку пурмуҳтавояш дар ғанӣ гардонидани мероси адабӣ саҳми арзанда гузоштааст.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд






