Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Хатлон 6260 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 07.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 6260 иншооти гуногун бунёд гардидааст. Дар ин хусус зимни мулоқоти Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо соҳибкорони шаҳри Бохтар иттилоъ дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Раиси вилояти Халон иброз дошт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар мамлакат корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудаанд. Дар ин замина бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ, сохтмон ва таъмири роҳҳо, пулу нақбҳо, муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш, инчунин таъсиси ҷойи нави кор идома дорад.
Изҳор гардид, ки соли 2025 тибқи маълумоти оморӣ дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилоят 636 километр роҳҳои маҳаллӣ мумфарш гардида, инчунин 108 пул бо дарозии умумии 3419 метр таъмиру навсозӣ шудаанд. Аз ин ҳисоб мумфаршкунии 628 километр роҳ, ё 98,7 фоизи роҳҳои мумфаршшуда ва 55 пул бо дарозии 892 метр маҳз бо саҳми соҳибкорон ва аҳолӣ анҷом дода шудааст. Дар натиҷа соли 2025 ҳаҷми мумфаршкунии роҳҳо 2,3 баробар афзоиш ёфта, шумораи пулҳо низ 37 адад бештар гардид.
Давлаталӣ Саид дархосту пешниҳодҳо ва ташаббусҳои соҳибкоронро шунида, барои ҳалли масъалаҳо ба масъулин дастур дода шуд.
Дар фарҷоми мулоқот раиси вилоят соҳибкоронро даъват намуд, ки дар таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта, дар рушди истеҳсолот, афзоиши содирот, таъсиси ҷойи нави кор ва ободу зебо гардидани шаҳри Бохтар фаъолона саҳм гузоранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Рӯзи Модар ҷашн гирифта шуд
Ба нақши беназири модарон дар ҳаёти оила ва ҷомеа ҳамеша арҷ гузошта мешавад
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ ВАФО. Рӯзи Модарро дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил намуданд
Нақши занон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва рушди иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон назаррас аст
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Модар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид
Занон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми назаррас доранд
«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд
МОДАР — АВВАЛИН УСТОД. Дар аллаи ӯ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзую ормон нуҳуфтааст
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо иштироки зиёда аз 700 нафар фаъолзанон барномаи бошукуҳи идона доир гардид
МАНЗАЛАТИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН БАЛАНД АСТ. Андешаҳо оид ба нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва нақши оила дар таҳкими арзишҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид






